Панҷшанбе 25 Ҷумода-л-охира 1446 - 26 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Такрор намудани ҳаҷ

Савол

Оё ҳар сол ҳаҷ намудан барои касе, ки ин корро кардан мехоҳад ва ин амал барои ӯ душвор нест, хуб аст ва ё беҳтар он аст, ки дар ҳар се сол ё ду сол як маротиба анҷом бидиҳад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло ҳаҷро бар ҳар шахси мукаллафу тавоно як маротиба дар умр фарз гардонидааст. Агар беш аз як маротиба анҷом бидиҳад, пас он нофила ва тақаррубест, ки ба василаи он ба Аллоҳ наздиктар мешавад. Барои анҷом додани ҳаҷҷи нофила шумораи муайяне собит нашудааст, балки ба такрор анҷом додани он ба вазъияти молии шахс, саломатӣ ва аҳволи атрофиёнаш, аз қабили хешовандону камбағалон ва ба дигар манфиатҳои уммат, кӯмаки ӯ бар уммат бо ҷону мол ва ба мавкеъияти ӯ дар уммат вобастагӣ дорад, ки оё боқӣ мондани ӯ дар кишвар барои уммат фоидаи бештаре дорад ва ё сафар намудан ба ҳаҷ ва ғайра.

Пас ҳар кас бояд ба шароити худ ва он чи барои ӯ ва уммат беҳтар аст, назар кунад ва онро аз дигар чизҳо муқаддам бидонад.

     Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто (11/14).