Ҷумъа 22 Зулҳиҷҷа 1445 - 28 Июн 2024
Тоҷикӣ

Саъй байни Сафо ва Марва танҳо дар ҳаҷ ё умра машрӯъ аст

Савол

Оё саъйи нофила ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайх Ибни Усаймин гуфтааст:

Саъйи нофила ҷоиз нест, зеро саъй танҳо дар маносики ҳаҷҷу умра машрӯъ аст. Чунки Аллоҳ таъоло мефармояд:

إِنَّ الصَّفَا وَالْمَرْوَةَ مِنْ شَعَائِرِ اللَّهِ فَمَنْ حَجَّ الْبَيْتَ أَوِ اعْتَمَرَ فَلا جُنَاحَ عَلَيْهِ أَنْ يَطَّوَّفَ بِهِمَا وَمَنْ تَطَوَّعَ خَيْراً فَإِنَّ اللَّهَ شَاكِرٌ عَلِيمٌ

سورة البقرة: ١٥٨

«Ҳамоно Сафо ва Марва аз шаъоир (ва нишонаҳо)-и Аллоҳ аст. Пас, ҳар кас ҳаҷҷи хона (-и Аллоҳ) ё умра ба ҷой оварад, бар ӯ гуноҳе нест, ки миёни он ду тавоф (саъй) кунад. Ва ҳар кас ба майлу рағбати худ кори некеро анҷом диҳад, пас ба дурустӣ, ки Аллоҳ сипосгузори доност».   (Сураи Бақара: 158).

Сарчашма: "Фатово аркони-л-ислом" (саҳ 540)