Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми нигоҳ кардани зан ба мардон

Савол

Оё барои зан ҷоиз аст, ки ба мардони бегона нигоҳ кунад ё ин амал ҳаром аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд:

Нигоҳ кардани зан ба мард аз телевизион ё нигоҳи табиӣ дар кӯча чӣ ҳукм дорад?

Чунин посух дод:

Нигоҳ кардани зан ба мард - хоҳ дар телевизион бошад, хоҳ дар ғайри он - аз ду ҳолат холӣ нест:

1- Бо шаҳват ва лаззат нигоҳ кардан. Ин амал ҳаром аст, зеро дар он мафсада ва фитна вуҷуд дорад.
2 - Нигоҳи одӣ, бидуни шаҳвату лаззат. Ин амал бар асоси дурусттарин дидгоҳи донишмандон ҳеҷ боке надорад ва ин амал ҷоиз аст, зеро дар "Саҳиҳайн" собит шудааст, ки "Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ба ҳабашиён, ҳангоме ки бозӣ мекарданд, нигоҳ мекард. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро аз онҳо пинҳон мекард". Паёмбар ин амал (яъне нигоҳи Оиша)-ро инкор накард.

Азбаски занон дар бозорҳо гаштугузор мекунанд ва ба мардон нигоҳ мекунанд, гарчанде ки ҳиҷоб пӯшида бошанд ҳам. Аз ин рӯ, мард наметавонад ба зан нигоҳ кунад, вале зан метавонад ба мард нигоҳ кунад, ба шарте ки шаҳват ва фитна дар он набошад. Агар дар он шаҳват ё фитна вуҷуд дошта бошад, пас дар ин ҳолат, нигоҳ кардан (ба мардон) дар телевизион ва ғайри он ҳаром аст.

Сарчашма: Фатово-л-маръати-л-муслима: 2/973