Шанбе 22 Ҷумода-л-уло 1446 - 23 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Зан дар ҳолати пухту паз читавр метавонад аз вақти худ дар моҳи Рамазон бештар истифода барад?

Савол

Ман мехоҳам, амалҳое ки анҷом додани он дар моҳи Рамазони пурфазилат барои зиёд намудани аҷру савоб мустаҳаб аст, бидонам. . . Аз ҷумла зикрҳо, ибодатҳо ва дигар амалҳои мустаҳаб. . . Аз он амалҳо амалҳои зеринро медонам: Намози таровеҳ, зиёд Қуръон хондан, истиғфори бисёр ва намози шаб. . . Вале мехоҳам, ки дар ҳангоми корҳои ҳаррӯзаам, дар ҳоли пухту паз ва ё дар ҳали машғулият бо корҳои хона суханонеро такрор намоям. Ман намехоҳам, ки аҷру савобро аз даст бидиҳам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло ба шумо барои ин эҳтимом ва саъю кӯшишатон ба корҳои хайру некӣ дар ин моҳи гиромӣ подоши некӯ бидиҳад.

Бар амалҳои солеҳи зикршуда, амалҳои зеринро илова кардан мумкин аст: Садақа, хӯрок додан, рафтан ба умра ва эътикоф барои касе ки ин амал барояш муяссар шавад.

Аммо зикрҳое, ки метавонед дар ҳангоми кор такрор кунед, инҳоянд:

Тасбеҳ (субҳоналлоҳ), таҳлил (ло илоҳа иллаллоҳ), такбир (Аллоҳу акбар), истиғфор, дуо ва ҷавоб гардонидан ба муаззин. Забони шумо доимо бо зикри Аллоҳ таъоло тар бошад ва аҷру подоши бузургро, ки бо сабаби такрор намудани калимоти осоне ба даст меояд, ғанимат шуморед. Ҳар тасбеҳе садақа аст, ҳар таҳмиде садақа аст, ҳар такбире садақа аст ва ҳар таҳлиле садақа аст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар субҳ бар ҳар пайванди ҷисми инсон садақае лозим аст, пас ҳар тасбеҳе (субҳоналлоҳ) садақа аст, ҳар таҳмиде (алҳамду лиллоҳ) садақа аст, ҳар таҳлиле (ло илоҳа иллаллоҳ" садақа аст, ҳар такбире (Аллоҳу акбар) садақа аст, амр ба маъруф садақа аст ва наҳй аз мункар садақа аст. Хондани ду ракъат намози зуҳо аз ҳамаи инҳо кифоят мекунад».   Ривояти Муслим (720).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ду калимае аст, ки бар забон сабук, дар тарозу вазнин ва дар назди Аллоҳи меҳрубон маҳбуб аст: Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи ва субҳоналлоҳи-л-ъазим».   Ривояти Бухорӣ (6682) ва Муслим (2694).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас "Субҳоналлоҳи-л-ъазими ва биҳамдиҳи" бигӯяд, барояш нахле (дарахти хурмое) дар ҷаннат шинонида мешавад».   Тирмизӣ (3465) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ донистааст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас "Астағфируллоҳа-л-ъазима-л-лазӣ ло илоҳа илло ҳува-л-ҳайя-л-қайюма ва атубу илайҳ" бигӯяд, гуноҳонаш бахшида мешавад, ҳатто агар аз ҷиҳод гурехта бошад».   Абудовуд (1517) ва Тирмизӣ (3577) ин ҳадисро ривоят кардаанд. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу Абидовуд" саҳеҳ донистааст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Дар рӯи замин мусулмоне нест, ки ба сӯи Аллоҳ дуое кунад, магар ин ки онро ба ӯ медиҳад ва ё ба монанди он бадиеро аз ӯ дур менамояд, модоме ки дуои гуноҳ ва ё қатъи силаи раҳм накарда бошад». Марде аз қавм гуфт: Агар ин тавр бошад, зиёд дуо мекунем. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «Аллоҳ бештар аст». (Яъне лутфу эҳсони Аллоҳ аз дархости шумо бештар аст ва Ӯ дуои шуморо бештар иҷобат мекунад).   Тирмизӣ (3573) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ донистааст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар гоҳ садои муаззинро шунавед, ба монанди ӯ бигӯед (яъне азонро аз паси ӯ такрор кунед) ва сипас ба ман дуруд бифиристед, зеро ҳар касе, ки ба ман як маротиба дуруд бифиристад, Аллоҳ бар ивази он ба ӯ даҳ маротиба дуруд мефиристад. Сипас аз Аллоҳ барои ман васила биҷӯед, зеро он манзалаест дар ҷаннат, ки танҳо як бандае аз бандагони Аллоҳ сазовори он мебошад. Умедворам, ки он ман бошам. Пас ҳар кас бароям васила бихоҳад, шафоат барои ӯ ҳалол мегардад».   Ривояти Муслим (384).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас ҳангоми шунидани азон бигӯяд:

 اللَّهُمَّ رَبَّ هَذِهِ الدَّعْوَةِ التَّامَّةِ ، وَالصَّلَاةِ الْقَائِمَةِ ، آتِ مُحَمَّدًا الْوَسِيلَةَ وَالْفَضِيلَةَ ، وَابْعَثْهُ مَقَامًا مَحْمُودًا الَّذِي وَعَدْتَهُ 

"Аллоҳумма рабба ҳозиҳид-даъвати-т-томмати ва-с-салоти-л-қоимати оти Муҳаммадани-л-василата ва-л-фазилата вабъасҳу мақома-м-маҳмудани-л-лазӣ ваъадтаҳ".

(Эй Аллоҳ, эй Парвардигори ин даъвати комил ва намози барпошуда, ба Муҳаммад васила ва фазилатро бидеҳ ва ӯро ба мақоми сутудашудае, ки ба ӯ ваъда додаӣ, бирасон).

Шафоати ман дар рӯзи қиёмат насиби ӯ хоҳад буд».   Ривояти Бухорӣ (614).

Аллоҳ ба мову шумо илми фоиданок ва амали солеҳро атотнамояд.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб