Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Шавҳараш аз ӯ талаб дорад, ки ҳиҷобашро кашад

95575

Таърихи нашр : 20-05-2021

Мушоҳидаҳо : 2541

Савол

Агар шавҳар аз ҳамсари худ талаб намояд, ки ҳиҷобашро кашад, зан дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунад? Дар инҷо бояд қайд кард, ки ин зан кӯшиши зиёд ба харҷ додааст, то шавҳарашро ба фарз будани ҳиҷоб қонеъ намояд, зеро фармонбардории махлуқ дар маъсияту нофармонии офаридгор (Аллоҳ) ҷоиз нест.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар мақсад аз он ин аст, ки шавҳар ҳамсарашро ба зоҳир намунади мӯй ва гардан ва ғайра амр менамояд, пас бешак ин амрест дар маъсияту нофармонии Аллоҳ таъоло, чунки фармонбардории махлуқ дар маъсияту нофармонии офаридгор (Аллоҳ) ҷоиз нест. Зеро донишмандони мусулмонон бар фарз будани пӯшидани муй, гардан ва ду оринҷи зан ихтилоф накардаанд. (Яъне ҳамаи донишмандон пӯшидани муй, гардан ва ду оринҷи занро фарз медонанд). Аз ин хотир, барои ин зан ҷоиз нест, ки бо сабаби амри шавҳар ё падар, аз ҳиҷоби худ даст бикашад. Балки бояд дар ин чиз устувор бимонад ва сабр намояд ва барои собит истодан дар ин чиз аз хешовандони солеҳи худ, аз хешовандони солеҳи шавҳараш ва инчунин аз шахсоне, ки ба шавҳараш таъсир доранд, кӯмак талабад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلَا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَمْرًا أَنْ يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ وَمَنْ يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا مُبِينًا    الأحزاب/36

«Барои ҳеҷ марди мӯъмину зани мӯъмина шоиста нест, ки чун Аллоҳ ва паёмбараш дар коре ҳукме карданд, онҳоро дар он корашон ихтиёре бошад. Ҳар ки Аллоҳ ва паёмбарашро нофармонӣ кунад, ба таҳқиқ дар гумроҳии ошкоре гирифтор шудааст».   (Сураи Аҳзоб: 36).

Ва инчунин Аллоҳ мефармояд:

فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤْمِنُونَ حَتَّى يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيْنَهُمْ ثُمَّ لَا يَجِدُوا فِي أَنْفُسِهِمْ حَرَجًا مِمَّا قَضَيْتَ وَيُسَلِّمُوا تَسْلِيمًا     النساء/65 .

«На, савганд ба Парвардигорат, ки онҳо имон намеоваранд, магар ин ки дар ихтилофҳояшон туро довар қарор диҳанд ва аз ҳукме, ки ту медиҳӣ, дар дили худ эҳсоси нороҳатӣ накунанд ва комилан таслим бошанд».   (Сураи Нисо: 65).

Бар ин шавҳар воҷиб аст, ки ба ҳукми Аллоҳ таслим гардида, ба қазои илоҳӣ розӣ шавад ва ба фармони Ӯ эътироз накунад ва ҳамсарашро бар пайравии роҳи ҳидояту истиқомат кӯмак кунад, на ин ки ӯро аз роҳи Аллоҳ манъ намояду, ӯро ба маъсияту нофармонии Аллоҳ даъват кунад.

Аммо агар мақсад аз кашидани ҳиҷоб, тавре ки дар савол зикр шуд, ин аст, ки шавҳар ҳамсарашро амр менамояд, ки танҳо рӯй ва ду каффи дастони худро бикушояду, боқимондаи узвҳои бадани худро бипӯшонад ва он зан битарсад, ки ин амр ба талоқ бурда мерасонад ва аз он талоқ бар ӯ зараре мерасида бошад, пас дар ин ҳолат, умедворем, ки агар зан рӯй ва ду каффи дастони худро кушояд, ҳеҷ боке надорад ва дар ин амр мукраҳ ва маҷбур аст.

    Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб