Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Рӯзаи Ошуро танҳо гуноҳони сағираро каффорат менамояд ва барои пок кардани гуноҳони кабира ба ғайри тавба чизи дигаре вуҷуд надорад

Савол

Агар ман аз ҷумлаи шахсоне бошам, ки шароб менӯшанд, сипас ният кунам, ки пагоҳ ва баъди пагоҳ (нӯҳум ва даҳуми Муҳаррам) рӯза бигирам, оё ин рӯза бароям ҳисобида мешавад ва инчунин гуноҳони соли гузашта ва соли ояндаам бахшида мешаванд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Рӯзае, ки Аллоҳ таъоло бо сабаби он гуноҳони ду соларо мағфират менамояд, он рӯзаи рӯзи Арафа мебошад. Аммо рӯзаи Ошуро бошад, Аллоҳ таъоло бо сабаби он гуноҳони як соларо мағфират менамояд.

Лутфан оиди фазилати рӯзаи рӯзи Арафа ба ҷавоби саволи рақами (98334) ва оиди фазилати рӯзаи рӯзи Ошуро ба ҷавоби саволи рақами (21775) нигаред.

Дуввум:

Бе шак нӯшидани шароб яке аз бузургтарин гуноҳон мебошад, хусусан бардавом нӯшидани он. Шароб модари палидиҳо ва дарвозаи ҳамаи бадиҳост. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо сабаби шароб даҳ тоифаро лаънат кардааст. Тирмизӣ (1295) аз Анас ибни Молик (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки гуфт:

"Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо сабаби шароб даҳ тоифаро лаънат кардааст: Шахсе ки онро тайёр мекунад, шахсе ки тайёр кардани онро талаб менамояд, шахсе ки онро менӯшад, касе ки онро бардошта меорад, шахсе ки овардани онро талаб менамояд, шахсе ки онро мерезад, шахсе ки онро мефурӯшад, шахсе ки пули онро мехӯрад, шахсе ки онро мехарад, шахсе ки барояш харида мешавад".

Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ шуморидааст.

Аз шаробнӯшӣ даст кашидан, аз пайваста нӯшидани шароб тавба кардан ва ба сӯи Аллоҳ таъоло рӯй овардан воҷиб аст.

Рӯзаи рӯзи Ошуро ё рӯзи Арафа танҳо гуноҳони сағираро каффорат мекунанд. Аммо гуноҳони кабира ба тавбаи насуҳ ниёз доранд.

Шайху-л-ислом Ибни Таймийя (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадиси саҳеҳе омадааст, ки мефармояд: Рӯзаи рӯзи Арафа гуноҳони ду соларо каффорат мекунад ва рӯзаи рӯзи Ошуро гуноҳони як соларо каффорат мекунад. Вале мутлақан зикр шудани лафзи (он каффорат мекунад), маънояш чунин нест, ки гуноҳони кабираро бе тавба каффорат намояд, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оиди намози ҷумъа то намози ҷумъаи дигар ва Рамазон то Рамазони дигар фармудааст: (Каффораткунандаи гуноҳоне, ки дар баёни онҳо қарор доранд, агар аз гуноҳони кабира дур шавад). Маълум аст, ки намоз аз рӯза беҳтар аст ва рӯзаи Рамазон аз рӯзаи рӯзи Арафа бузургтар аст. Намозҳои панҷгона ва рӯзаи Рамазон гуноҳонро каффорат намекунанд, ба ҷуз дар ҳолати дурӣ аз гуноҳони кабира, чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) қайд кардааст. Пас чӣ гуна (баъзе шахсон) гумон мекунанд, ки рӯзаи нофилаи як рӯза ё ду рӯза гуноҳи зино, дуздӣ, шаробнӯшӣ, қимор, сеҳр ва монанди онро каффорат мекунад?

Ин номумкин аст".  

Поёни сухан аз китоби "Мухтасару-л-фатово-л-мисрийя" (1/254).

Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Баъзе шахсон мегӯянд: Рӯзаи рӯзи Ошуро гуноҳони ҳамаи солро каффорат мекунад ва рӯзаи Арафа сабаби зиёдшавии аҷр мегардад. Ин шахси фирефташуда надонистааст, ки рӯзаи Рамазон ва намозҳои панҷгона аз рӯзаи рӯзи Арафа ва рӯзаи Ошуро бузургтар ва воломақомтар мебошанд. Инҳо (рӯзаи Рамазон ва намозҳои панҷгона) гуноҳони байни худро каффорат мекунанд, агар аз гуноҳони кабира дур шавад. Пас Рамазон то Рамазон, ва ҷумъа то ҷумъа гуноҳони сағираро каффорат карда наметавонанд, магар дар ҳолате, ки гуноҳони кабира тарк карда шавад ва ин ду чиз якҷоя гуноҳони сағираро каффорат карда метавонанд.

Пас чӣ гуна рӯзаи нофилаи як рӯза ҳамаи гуноҳони кабираеро, ки банда анҷом додааст, пайваста онро иҷро мекунад ва аз он тавба наменамояд, каффорат мекунад? Ин номумкин аст.

Ба ҳар ҳол монеият вуҷуд надорад, ки рӯзаи рӯзи Арафа ва рӯзи Ошуро ба таври ом каффораткунандаи ҳамаи гуноҳон шавад ва дар ин сурат ҳадис бояд ҳамчун яке аз матнҳое шарҳ дода шавад, ки каффорати гуноҳонро ваъда медиҳад, дар холате ки шартҳо риоя карда шаванд ва монеаҳо бартараф карда шаванд. Бардавом анҷом додани гуноҳони кабира яке аз монеаҳои каффорат шудани гуноҳони сағира мебошад. Пас агар банда гуноҳони кабираро бардавом анҷом надиҳад, рӯза ва бардавом анҷом надодани гуноҳ, бо кӯмаки ҳамдигар, ҳамаи гуноҳонро каффорат мекунанд. Чуноне, ки Рамазон ва намозҳои панҷгона бо ҳамроҳии дурӣ аз гуноҳони кабира, якҷоя бо кӯмаки ҳамдигар гуноҳони сағираро каффорат мекунанд. Дар ҳоле, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

 إِنْ تَجْتَنِبُوا كَبَائِرَ مَا تُنْهَوْنَ عَنْهُ نُكَفِّرْ عَنْكُمْ سَيِّئَاتِكُمْ

سُورَةُ النِّسَاءِ/ 31

Агар аз гуноҳони кабирае, ки аз он манъ шудаед, дурӣ кунед, гуноҳони (сағираи) шуморо аз шумо мебахшем.   (Сураи Нисо: 31).

Пас дониста шуд, ки агар чизе сабаби каффорати гуноҳон бошад, ин монеият надорад, ки ин сабаб бо ҳамроҳии сабаби дигар дар каффорат намудани гуноҳон ба якдигар кӯмак кунанд. Каффорат шудани гуноҳон бо ҷамъшавии ду сабаб аз танҳо будани яке аз он ду сабаб пурқувваттар ва комилтар аст. Ҳаргоҳ сабабҳои каффорати гуноҳон пурқувват гардад, каффорат шудани гуноҳон низ пурқувваттар, пурратар ва шомилтар мегардад".   Поёни сухан аз китоби "Ал-Ҷавобу-л-кофӣ" (саҳ 13).

Тирмизӣ (1862) аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Касе, ки шароб нӯшад, Аллоҳ таъоло намози чиҳилрӯзаи ӯро қабул намекунад ва ва агар тавба кунад, Аллоҳ тавбаи ӯро қабул менамояд ва агар ба шаробнӯшӣ баргашт, Аллоҳ таъоло намози чиҳилрӯзаи ӯро қабул намекунад ва агар тавба намуд, Аллоҳ тавбаи ӯро қабул менамояд ва агар боз ба шаробнӯшӣ баргашт, Аллоҳ таъоло намози чиҳилрӯзаи ӯро қабул намекунад ва агар тавба намуд, Аллоҳ тавбаи ӯро қабул менамояд, сипас агар бори чаҳорум боз ба шаробнӯшӣ баргашт, Аллоҳ таъоло намози чиҳилрӯзаи ӯро қабул намекунад ва агар тавба намуд, Аллоҳ тавбаи ӯро қабул наменамояд ва ӯро (дар рӯзи қиёмат) аз дарёи "хабол" менӯшонад.   Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ шуморидааст.

(Дарёи "Хабол": Дарёест дар дӯзах, ки оби он зардоби дӯзахиён аст).

Муборакфурӣ дар китоби "Туҳфату-л-аҳвазӣ" гуфтааст: Гуфта шудааст: Намозро ба таври хос зикр намуд, зеро он беҳтарин ибодати баданӣ аст. Пас агар намоз қабул карда нашавад, дигар ибодатҳо низ аз боби авло қабул карда намешаванд.   Поёни сухан бо каме тағйирот аз китоби "Туҳфату-л-аҳвазӣ" (5/488).

Ироқӣ ва Мановӣ низ ҳаминтавр гуфтаанд.

Ба ҷавоби саволи рақами (38145) руҷӯъ карда шавад.

Агар ибодатҳо дар ҳангоми бардавом нӯшидани шароб қабул карда нашавад, пас чигуна рӯзаи Ошуро қабул карда мешавад? Пас чигуна гуноҳони як солинаро каффорат мекунад?

Бар ту воҷиб аст, ки ба тезӣ тавбаи насуҳи содиқона намоӣ, аз гуноҳоне, ки бардавом анҷом медиҳӣ, яъне аз нӯшидани шароб даст бикашӣ ва дар кӯтоҳӣ будани худро дарк намоӣ. Амалҳои хайрро бисёр анҷом бидеҳ, шояд ки Аллоҳ тавбаи туро қабул намояд ва кӯтоҳиву таҷовузе, ки ба ҳудуди Аллоҳ дар гузашта анҷом додаӣ, даргузарад.

Саввум:

Он суханоне, ки бароят дар инҷо зикр кардем, барои адо намудани рӯзаи Арафа ё Ошуро ё ҳар амалҳои хайри нофилае, ки бихоҳӣ анҷом бидиҳӣ, монеияте надорад, ба монанди намоз, рӯза, садақа ва қурбонӣ.

Нӯшидани шароб монеи ин амалҳо нест. Анҷом додани гуноҳи кабира маънои онро надорад, ки худро аз тоатҳо ва амалҳои хайр манъ намоӣ. Ин амр аз ин ҳам бадтар мебошад. Балки ба сӯи тавба шитоб кун, бо зудӣ аз гуноҳ даст каш ва амалҳои хайрро зиёд анҷом бидеҳ, ҳатто агар нафсат бар ту ғолиб гардад ва дар баъзе гуноҳон воқеъ шавӣ.

Вале дурустии амал ва қабулшавии он масъалае аст ва фазилати хосси каффорат шудани гуноҳони як солина ё ду солина масъалаи дигарест.

Ҷаъфар ибни Юнус гуфтааст: Бо корвоне дар Шом будам, ки арабҳои саҳронишин ба роҳамон баромаданд ва корвонро ба худ гирифтанд. Молҳои гирифтаашонро ба амири худ пешниҳод мекарданд ва халтае аз шакар ва бодом аз он берун оварданд ва аз он хӯрданд ва амир намехӯрд !!

Ман ба ӯ гуфтам: Чаро ту намехӯрӣ? Ӯ гуфт: Ман рӯзадор ҳастам!

Ман гуфтам: Роҳзанӣ мекунӣ, молҳоро бо зӯрӣ мегирӣ, нафсҳои покро ба қатл мерасонӣ ва ту боз рӯзадор ҳастӣ ?!

Ӯ гуфт: Эй шайх, маконе барои сулҳ қарор медиҳам !!

Сипас баъд аз муддате ӯро дидам, ки эҳром пӯшида буду, дар гирди Каъба тавоф мекард.

Ман гуфтам: Ту ҳамон мард ҳастӣ ?

Ӯ гуфт: Он рӯза маро ба ин мақом расонд !!

(Таърихи Димишқ: 52/66) ..

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб