Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Вой бар ҳоли шаробнӯш.

Савол

Ҷавондухтаре пеш аз моҳи Рамазон хамр (шароби масткунанда) нӯшида ва дар аввали моҳи Рамазон рӯза гирифтааст, лекин як хоҳар ба ӯ гуфтааст, ки рӯзаи ӯ қабул нест ва Аллоҳ онро қабул намекунад, чунки ӯ ба наздикӣ хамр нӯшидааст, аз ин рӯ, ӯ бояд 40 рӯз мунтазир шавад, то ки Аллоҳ рӯзаву намози ӯро қабул кунад. Оё ин сухан дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шаробнӯшӣ яке аз гуноҳҳои кабира (бузург) ба ҳисоб рафта, он модари палидиҳо ва калиди ҳамаи бадиҳост, ақлро нобуд месозад ва молро барбод медиҳад. Сардард карда, маззаи бад дорад ва палидест, аз амали шайтон, байни мардум кинаву адоватро бармеангезад ва аз зикри Аллоҳ ва аз намоз боз медорад. Ба зино даъват карда, гоҳо сабаби зино намудан бо духтар ва хоҳару маҳрамҳо мегардад. Рашкро аз байн бурда, хориву пушаймонӣ ва шармандагиро боқӣ мегузорад. Нӯшандаашро ба ноқистарин шахсон, ки онон девонагонанд, мепайвандад. Пардаҳоро медаронад, сирҳоро фош месозад, ба авратҳо роҳнамоӣ мекунад, амалҳои қабеҳ ва гуноҳро ночиз мешуморад ва аз дил ҳайбати чизҳои ҳаромро хориҷ месозад. Шахси ба шаробнӯшӣ одат карда монанди бутпараст мегардад.

Хамр чӣ қадар ҷанг барангехтааст? Чӣ қадар сарватмандро камбағал гардонидааст? Чӣ қадар азизро хор, бошарафро паст, неъматро аз байн бурда, чӣ қадар азобро ҷалб намудааст?

Чӣ қадар байни зану мард ҷудоӣ андохта, дилу ақлро рабудааст?

Чӣ қадар ҳасратро мерос гузоштааст, ё ашкҳоеро резондааст?

Чӣ қадар дарҳои неке ба рӯи шаробнӯш баста шуда, дарҳои баде боз шудааст?

Чӣ қадар инсонҳоро дар бало афтонида, аҷалро шитобонидааст?

Чӣ қадар машаққатро бар нӯшандаи худ ҷалб намудааст?

Аз ин рӯ, хамр ҷамъоварандаи гуноҳ, калиди бадиҳо ва аз байн барандаи неъматҳо ва ҷалбкунандаи азобҳо мебошад.

Аз зиштиҳои хамр ҳамонаш кифоя аст, ки шаробнӯши дунё аз шароби ҷаннат дар охират нахоҳад чашид.

Офатҳои хамр чанд маротиба аз он чизе, ки зикр намудем, зиёдтар аст.

 То инҷо нақл аз китоби "Ҳоди-л-арвоҳ"-и Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ба охир расид.

Аллоҳ таъоло моро дар китобаш ва инчунин бо забони паёмбараш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз хамр (чизҳои масткунанда) таҳзир кардааст.

1- Аллоҳ таъоло фармудааст:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالأَنْصَابُ وَالأَزْلامُ رِجْسٌ مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ    المائدة/90

 "Эй касоне, ки имон овардаед! Хамру қимору бутҳо ва азлом (як навъ қуръапартоӣ), палид ва аз амали шайтон аст, пас аз онҳо дурӣ ҷӯед, то растагор шавед".   (Сураи Моида: 90).

2- Аллоҳ таъоло шаробнӯшро лаънат намудааст. Дар сунани Абудовуд (3189) аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Худованд шаробро, нӯшандаи онро, резандаи онро, фурӯшандаи онро, харандаи онро, тайёркунандаи онро, шахсе, ки тайёр кардани онро талаб намудааст, оварандаи онро, шахсе, ки овардани онро талаб намудааст, ҳамаро лаънат намудааст".   Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу Абидовуд" (2/700) саҳеҳ шуморидааст.

3- Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шаробнӯшро ба бутпараст монанд кардааст. Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки бардавом шароб менӯшад, монанди бутпараст аст".   Ривояти Ибни Моҷа (3375). Албонӣ дар "Саҳиҳу Ибни Моҷа" (2720) ин ҳадисро ҳасан шуморидааст.

4- Касе, ки бардавом шароб менӯшад, аз дохил шудан ба ҷаннат маҳрум мешавад. Аз Абудардо ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки бардавом шароб менӯшад, дохили ҷаннат намешавад".   Ривояти Ибни Моҷа (3376). Албонӣ дар "Саҳеҳу Ибни Моҷа" (2721) ин ҳадисро саҳеҳ шуморидааст.

5- Аз Усмон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: "Аз шароб дурӣ биҷӯед, зеро он модари палидиҳост. Пеш аз шумо марде буд, ки бисёр ибодат мекард ва зани бадкоре бар ӯ ошиқ шуд. Сипас он зан канизи худро ба сӯи ин мард мефиристад, то ӯро ба наздаш орад. Каниз ба назди ӯ рафта мегӯяд: Мо туро барои шоҳидӣ додан даъват мекунем. Мард бо ҳамроҳии ин каниз равон мешавад ва вақте ки ба онҷо мерасад, ҳар вақте ба даре дохил мешуд, онро мепӯшид, то он ҷое, ки ӯро ба назди зани зебое, ки дар наздаш кӯдак ва зарфи шароб буд, оварданд. Ин зан гуфт: Қасам ба Аллоҳ, ман туро барои шоҳидӣ даъват накардаам, ман туро барои он даъват намудаам, ки бо ман бистарӣ шавӣ ва ё ин шаробро нӯшӣ ва ё ин кӯдакро бикушӣ. Мард гуфт: Аз ин шароб бароям як пиёла бирез. Ба ӯ як пиёла рехт. Вақте онро нӯшид, боз талаб кард, то он ҷое ки нӯшиданро тарк накард. Дар натиҷа бо ин зан зино карда, он кӯдакро бикушт. Аз ин рӯ, аз шароб дурӣ ҷӯед. Зеро қасам ба Аллоҳ, ҳаройина имон бо шаробнӯшии бардавом бо ҳам ҷамъ намешавад, то он даме ки яке дигарро хориҷ накунад".   Ривояти Насоӣ (5666). Албонӣ дар "Саҳиҳу-н-насоӣ" (5236) ин ривоятро саҳеҳ шуморидааст.

6- Намози чиҳилрӯзаи шаробнӯш қабул нахоҳад шуд. Аз Абдуллоҳ ибни Амр ривоят шудааст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Шахсе, ки шароб нӯшида маст мешавад, намози чиҳилрӯзаи ӯ қабул карда намешавад ва агар вафот кунад, дохили дӯзах мегардад ва агар тавба кунад, Аллоҳ тавбаи ӯро қабул менамояд ва агар ба шаробнӯшӣ баргашт, намози чиҳилрӯзаи ӯ боз қабул намешавад ва агар вафот кунад, дохили дӯзах мегардад ва агар тавба намуд, Аллоҳ тавбаи ӯро қабул менамояд ва агар боз ба шаробнӯшӣ баргашт, намози чиҳилрӯзаи ӯ боз қабул намешавад ва агар вафот кунад, дохили дӯзах мегардад ва агар тавба намуд, Аллоҳ тавбаи ӯро қабул менамояд, сипас агар боз ба шаробнӯшӣ баргашт, ҳаққи Аллоҳ аст, ки ӯро дар рӯзи қиёмат аз "радағату-л-хабол" нӯшонад. Саҳобагон гуфтанд: Эй расулуллоҳ, "радағату-л-хабол" чист?  Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Чакидаҳои аҳли дӯзах аст.   Ривояти Ибни Моҷа (3377). Албонӣ дар "Саҳиҳу Ибни Моҷа" (2722) онро саҳеҳ шуморидааст.

Қабул нашудани намоз маънои онро надорад, ки намозаш дуруст нест, ё ӯ бояд намозро тарк кунад, балки маънояш онаст, ки ӯ барои намози хондаи худ савобе нахоҳад гирифт. Пас фоидаи намозхонии ӯ онаст, ки то фарзро аз зиммаи худ соқит кунад ва барои тарки он, азоб карда нашавад.

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ гуфтааст: Сухани паёмбар "намози ӯ қабул карда намешавад", ба он маъност, ки шаробнӯш ба хотири ҷазои шаробнӯшиаш чиҳил рӯз аз намози хондааш савоб нахоҳад гирифт. Ин монанди амали шахсест, ки рӯзи ҷумъа ҳангоми хутбаи имом сухан мегӯяд, сипас намози ҷумъаро мехонад, гуфтаанд, ки намози ҷумъаи ӯ намоз нест. Зеро аз сабаби гуноҳи кардааш, ба ӯ савоби ҷумъа дода намешавад.   Китоби "Таъзиму қадри-с-салот" (2/587-588). Ба саволи рақами (20037) нигаред.

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Аммо қабул нашудани намози ӯ ба он маъност, ки агарчанде фарзияти он аз ӯ соқит ҳам шавад, аммо бар он савоб намегирад ва барои аз нав хондани он эҳтиёҷе надорад". Поёни сухан.

Аммо он чизе, ки ба саволдиҳанда гуфтаанд, ки рӯзаи он духтари шаробнӯш қабул нест, ин сухан ба раъйи баъзе донишмандон, ки ҳадиси болоро шарҳ додаанд, рост меояд. Зеро мақсад аз қабул нашудани намоз ин огоҳиест, ки дигар ибодатҳо низ қабул намегардад.

Муборакфурӣ дар китоби "Тӯҳфату-л-аҳвазӣ" гуфтааст: Инҷо намозро зикр намудааст, зеро намоз беҳтарин ибодати баданӣ мебошад. Пас агар намоз қабул нашавад, авлост ки дигар ибодатҳо низ қабул нахоҳад шуд. Аз китоби "Туҳфату-л-аҳвазӣ" бо каме тағйирот нақл шудааст.

Ироқӣ ва Мановӣ низ ҳамин тавр гуфтаанд.

Мувофиқи ин гуфта, рӯза низ қабул намешавад, ин маънои онро надорад, ки шахси шароб нӯшида, бояд рӯза нагирад, балки бар ӯ амр шудааст, ки рӯза бигирад, лекин ба хотири он ки аз ин кори зишт бозгардад, савоби ибодати ӯ қабул намегардад.

Ҳеҷ шакке нест, ки шаробнӯш бояд намозҳояшро дар вақташ адо кунад ва рӯзаи Рамазонро бигирад. Агар намоз ё рузаашро халалдор кунад, гирифтори гуноҳи бузурге мешавад, ки аз гуноҳи шаробнӯшиаш низ бузургтар аст.

Бояд донист, ки воқеъ шудани мусалмон дар гуноҳ ва оҷиз мондани ӯ аз тавба, аз заъифии имонаш мебошад. Набояд сабаби гуноҳро гуворо шуморида бар он одат намуданаш гардад, ё тарки ибодатҳо намуда дар адо намудани онҳо бепарвоӣ зоҳир намояд. Балки бар ӯ воҷиб аст, то қадри тавоноияш ибодатҳоро ба ҷой орад ва дар тарк намудани гуноҳони кабира ва ҳалокатовар кӯшиш намояд.

Бар мусалмон воҷиб аст, ки аз Аллоҳ таъоло битарсад ва аз васвасаву гумроҳии шайтон ҳазар кунад ва нафси худро бозичаи дасти шайтон нагардонад ва агар шайтонаш бар ӯ ғолиб омада, ӯро дар саркашии Офаридгор қарор бидиҳад, пас барои тавба намудан бишитобад, зеро: "Шахси тавбакунанда аз гуноҳ, ба монанди шахсест, ки гӯё гуноҳ накардааст".   Ривояти Ибни Моҷа (2450). Бусирӣ ин ҳадисро саҳеҳ шуморидааст ва ҳамчунин он дар китоби Аз-заваид / ҳошияи сунани Ибни Моҷа омадааст.

Ин буд ҷазои шаробнӯше, ки тавба накардааст, аммо шахсе, ки тавба намуда, ба сӯи Аллоҳ баргаштааст, ҳаройина Аллоҳ тавбаи ӯро пазируфта, амалҳояшро қабул хоҳад кард.

Аз Аллоҳ мепурсем, ки моро аз васвасаҳои шайтон ҳифз намуда, моро аз фитнаҳои ошкору пинҳонӣ эмин нигоҳ дорад.

Ҳамду сипос барои Аллоҳ, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб