Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё бо духтари хоҳараш аз зино издивоҷ бикунад?

Савол

Падарам бо зани амакам хато кард. Дар натиҷаи ин хато, падарам аз ӯ (яъне зани амакам) духтардор шуд. Ин духтар издивоҷ намуд ва духтаре таваллуд кард. Ман ба ин духтар хостгор шудам. Оё (издивоҷ бо) ӯ аз нигоҳи Шариат бароям ҷоиз мебошад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Духтар аз зино, барои зинокор ҳалол нест, ки бо ӯ (духтараш аз зино) издивоҷ бикунад ва барои писарони ӯ низ ҷоиз нест, ки бо он духтар (духтари падарашон аз зино) издивоҷ бикунанд. Ҳамчунин духтари духтар аз зино барои зинокор ва писаронаш ҳалол нест.

Ин духтар барои шумо духтари хоҳари шумо аз зино аст. Аз ин рӯ, бароятон ҳалол нест.

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Бар мард ҳаром аст, ки бо духтараш аз зино, хоҳараш аз зино, духтари писараш аз зино, духтари духтараш аз зино ва духтари бародар ва хоҳараш аз зино издивоҷ бикунад. Ва ин дидгоҳи тамоми фақеҳон аст". Поёни сухан аз китоби "Ал-Муғнӣ" (7/91).

Дар ин масъала байни донишмандон ихтилоф аст, вале ин дидгоҳи ҷумҳури донишмандон аст ва ин дидгоҳ баэҳтиёттар мебошад.

Ин маънои онро надорад, ки шумо маҳрами ин духтар ҳастед ва ба ӯ нигоҳ кардан ё бо ӯ танҳо мондан барои шумо ҳалол аст, зеро ҳаром будани издивоҷ на ҳама вақт ба маънои маҳрам шудан, раво будани хилват (танҳо мондан бо ӯ) ва ғайра аст.

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Ҳароми маҳз: Ин зино аст. Бо сабаби он (яъне зино) ҳаром будани издивоҷ собит мешавад, вале маҳрам шудан ва раво будани нигоҳ кардан собит намешавад". Поёни сухан бо каме тағйирот.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб