Сешанбе 9 Ҷумода-л-охира 1446 - 10 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Шартҳои фарз шудани ҳаҷ

Савол

Шартҳои фарз шудани ҳаҷ кадомҳоянд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Донишмандон (раҳмати Аллоҳ бар онҳо бод) шартҳои фарз шудани ҳаҷро зикр кардаанд, ки дар сурати муҳайё гардидани он назди шахси мусулмон адо кардани ҳаҷ барояш фарз мешавад ва бе вуҷуди он фарз намешавад.

Ин шартҳо панҷто мебошанд:

(1). Ислом (мусулмон будан).

(2). Ақл (солимақл будан).

(3). Булуғ (ба балоғат расидан).

(4). Озодӣ (озод будан).

(5). Тавоноӣ.

1. Ислом (мусулмон будан).

Ин шарт дар ҳамаи ибодатҳо ҳатмӣ аст, зеро ибодат аз кофир қабул нест. Зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَا مَنَعَهُمْ أَنْ تُقْبَلَ مِنْهُمْ نَفَقَاتُهُمْ إِلا أَنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَبِرَسُولِهِ

التوبة/54

Хеҷ чиз монеи қабули садақаҳои онҳо нашуд, ҷуз ин ки онҳо ба Аллоҳ ва пайғамбараш кофир шуданд.   (Сураи Тавба: 54).

Дар ҳадиси Муоз, ҳангоме ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро ба Яман фиристод, омадааст:

"Ту ҳоло назди қавме меравӣ, ки онҳо аз аҳли китобанд. Аввал  ононро ба шаҳодат додан бар ин ки ҷуз Аллоҳ дигар маъбуде барҳақ нест ва ман фиристодаи Аллоҳ мебошам, даъват кун. Агар онҳо инро қабул кунанд, баъд ба онҳо хабар бидеҳ, ки Аллоҳ бар онҳо дар як шабонарӯз панҷ вақт намозро фарз кардааст. Агар онҳо инро қабул кунанд, баъд ба онҳо хабар бидеҳ, ки Аллоҳ бар онҳо садақаеро фарз кардааст, ки аз сарватмандонашон гирифта шуда, ба камбағалонашон дода мешавад".   Муттафақун алайҳ (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Бинобар ин шахси кофир аввал ба мусулмон шудан даъват карда мешавад. Агар Исломро бипазирад, баъд ӯро ба намозу закот ва рӯзаву ҳаҷ ва дигар ибодатҳо амр мекунем.

2 - 3. Ақл (солимақл будан) ва булуғ (ба балоғат расидан).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

"Қалам аз се кас бардошта шудааст: Аз хобида то бедор шавад, аз кӯдак то ба балоғат бирасад ва аз девона то солимақл шавад".   Ривояти Абудовуд (ҳадиси 4403). Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳи Абудовуд" саҳеҳ шуморидааст.

Бинобар ин, ҳаҷ бар кӯдак фарз нест, вале агар дар сурати ҳаҷ кардани  валияш бо ӯ, ҳаҷҷи  ӯ  дуруст буда, савоби ҳаҷ ба ӯ ва ҳам ба валияш дода мешавад. Зеро ҳангоме, ки зане кӯдакеро ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) баланд карда гуфт: Оё барои ин ҳаҷ аст? Фармуд: Бале. Ва барои ту аҷр аст.   Ривояти Муслим.

4. Озодӣ (озод будан).

Ҳаҷ ба ғулом фарз нест, зеро ки ӯ машғули адо намудани ҳақи хоҷаи худ аст.

5. Тавоноӣ (қудрат).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَللهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَن اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا

آل عمران / ٩٧

Ва барои Аллоҳ, ҳаҷҷи хона (Каъба) бар мардум воҷиб аст, барои касоне, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошанд.   (Сураи Оли Имрон: 97).

Мурод аз тавоноӣ, ки дар ин оят омадааст, тавоноии ҷисмонӣ ва ва ҳам тавоноии молӣ мебошад. Зери мафҳуми тавоноии ҷисмонӣ касе дар назар дошта шудааст, ки дорои ҷисми солим бошаду қудрати таҳаммули машаққати сафар ба хонаи Аллоҳро дошта бошад. 

Аммо тавоноии молӣ бошад, манзур аз он дорои харҷи рафтуомади хонаи Аллоҳ мебошад.

Дар фатвои Кумитаи доимии фатво (11/30) омадааст:

"Мақсад аз тавоноӣ барои ҳаҷ ин аст, ки шахс бояд тансиҳат бошад ва барои ба хонаи Аллоҳ рафтан васоили нақлиёте, мисли ҳавопаймо ё мошин ва ё чорпо дошта бошад ва ё бо назардошти ҳолати худ  роҳкирои яке аз намуди ин нақлиётро дошта бошад. Инчунин бояд бо худ тӯшаи рафтуомад дошта бошад. Ин ғайр аз он маблағе, ки аҳлу аёли ӯ то баргаштанаш харҷ мекунанд. Бояд ҳамроҳи зан шавҳар ва ё ягон маҳрами дигараш бошад, ҳатто дар сафари ҳаҷҷу умра (бояд ҳамроҳи зан шавҳар ва ё ягон маҳрами дигараш бошад)". Поёни сухан.

Яке аз шартҳои дигари ҳаҷ ин аст, ки маблағи ба сафари ҳаҷ сарф мекардааш аз эҳтиёҷоти зарурӣ ва нафақаи шаръиву адо намудани қарзаш зиёдтар бошад. Мақсад аз қарзҳо, ин ҳақҳои Аллоҳ, монанди пардохти каффорот ва ҳам ҳақҳои мардум аст. Аз ин лиҳоз, шахсоне, ки қарздор ҳастанд ва пулашон барои ҳаҷ ва пардохти қарз кифоя нест, бояд аввал қарзи худро пардохт кунанд, зеро ҳаҷ ба чунин ашхос фарз нест.

Баъзеҳо гумон мекунанд, ки сабаби асосии фарз нашудани ҳаҷ ба шахсони қарздор ин иҷозат надодани соҳибони қарз аст. Аз ин рӯ, агар аз соҳиби қарз иҷозат пурсад ва ӯ барояш иҷозат диҳад, боке надорад. Ин гумон ягон асосе надорад, балки сабаби асосии фарз нашудани ҳаҷ бар ин гуна шахс машғул будани зиммаи ӯст. Маълум аст, ки агар соҳиби қарз ба шахси қарздор  иҷозати ҳаҷ карданро диҳад ҳам, қарз ба зиммаи ӯ боқӣ хоҳад монд ва бо ин иҷозат зиммаи ӯ аз қарз пок намегардад. Ба ҳамин хотир, бояд ба шахси қарздор гуфта шавад: Аввал қарзро адо намо ва агар маблағи  кофӣ барои ҳаҷ кардан боқӣ монад, баъд ҳаҷ кун. Вале агар боқӣ намонад, ҳаҷ бар ту фарз нест.

Агар шахси қарздоре, ки қарздорияш монеи ҳаҷ рафтани ӯ шуда буд, вафот кунад, ба Аллоҳ таъоло бо исломи комил мулоқот мекунад ва ҳаргиз чун шахси саҳлангор ва бепарво шуморида намешавад, зеро ҳаҷ бар ӯ  фарз нагашта буд. Читавре ки закот ба камбағал фарз намегардад, ҳаҷ низ бар онон фарз нест.

Аммо агар ҳаҷро пеш аз адо намудани қарз анҷом бидиҳад ва пеш аз адо намудани қарз вафот кунад, ӯ дар хатар аст. Чунки тамоми гуноҳони шаҳид мағфират мешавад, ба ҷуз қарз. (Агар ҳоли шаҳид ин тавр бошад). Ҳоли дигарон чӣ мешуда бошад?!

Мақсад аз нафақаҳои шаръӣ, нафақаҳоеро гӯянд, ки шариат онҳоро муқаррар кардааст. Мисли нафақаи шахс ба худ ва ба аҳлу аёлаш бе исрофкорӣ ва зиёдаравӣ. Агар ҳолати молияш миёнаҳол  бошаду, ба сарватмандон тақлид намуда, худро сарватманд нишон диҳаду, мошини гаронбаҳо харад ва маблағи  ҳаҷ рафтанро надошта бошад, барояш фарз аст, ки мошини гаронбаҳоро фурӯшаду, бо маблағи он ба ҳаҷ равад ва мошини арзони ба ҳоли худ муносиб бихарад. 

Зеро хароҷоте, ки ӯ дар мошини гаронбаҳо харҷ намудааст, хароҷоти мувофиқи шариат нест, балки он исрофест, ки шариат онро манъ намудааст.

Мақсад аз нафақа он аст, ки бояд барои худ ва аҳлу аёлаш он қадар маблағе дошта бошад, ки то аз ҳаҷ баргаштанаш барояшон кифоя кунад. Инчунин он қадар маблағе дошта бошад, ки баъд аз баргаштанаш барои ӯ ва шахсоне, ки нафақаашон бар ӯҳдаи ӯ мебошанд, кифоя кунад, мисли иҷораи хона ё маош ё тиҷорат ва ғайри он.

Ба хамин хотир, бо сармояи тиҷоратие, ки аз фоидаи он барои худ ва аҳлу аёлаш нафақа мекунад, ҳаҷ кардан ҷоиз нест. Ин дар ҳоле, ки бо кам гаштани сармояи тиҷоратияш фоидааш кам гардаду, барои нафақаи худ ва аҳлу аёлаш кифоя накунад.

Аз Кумитаи доимии фатво (11/36) пурсиданд:

Марде дар бонки исломӣ пул гузоштааст ва бо фоидае, ки аз ин пул ба даст меорад ва бо моҳонааш рӯз мегузаронад. Ин ҳарду сарчашмаи даромадаш барои рӯзгузарониданаш ба ҳисоби миёна мерасанд. Оё барои ин мард фарз аст, ки бо сармояи аслияш ҳаҷ кунад? Бояд гуфт, ки ин кор ба даромади моҳонааш тасир расонида, ӯро дар ҳолати ногувори моддӣ хоҳад гузошт?

Чунин ҷавоб доданд:

Агар вазъият чигунае, ки зикр кардӣ, бошад, пас дар ин ҳолат бо сабаби қудрати шаръӣ надоштанат ҳаҷ бар ту фарз нест.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَللهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَن اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا

آل عمران / ٩٧

Ва барои Аллоҳ, ҳаҷҷи хона (Каъба) бар мардум воҷиб аст, барои касоне, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошанд.   (Сураи Оли Имрон: 97).

Дар ояти дигар Аллоҳ таъоло чунин фармудааст:

وَمَا جَعَلَ عَلَيْكُمْ فِي الدِّينِ مِنْ حَرَجٍ

الحج 78

Ва дар дин бароятон ҳеҷ кори сангин ва сахте қарор надод.  (Сураи Ҳаҷ: 78).

Поёни сухан.

Манзур аз эҳтиёҷоти аслӣ ин аст, ки инсон дар зиндагонияш бар он эҳтиёҷи зиёд дорад ва бениёз будан аз он барояш бисёр душвор аст. Мисли китобҳои илмӣ барои донишҷӯ. Зеро ба ӯ гуфта наметавонем, ки китобҳоятро фурӯхта, бо пули он ба ҳаҷ бирав, зеро китобҳо эҳтиёҷоти аслии ӯст. Инчунин мошине, ки шахс ба он эҳтиёҷ дорад. Ба ӯ намегӯем, ки мошинатро фурӯхта, бо пули он ба ҳаҷ бирав. Агар ӯ ду мошин дошта бошаду, ба якеи он ҳам ниёзаш бароварда шавад, дар ин сурат ба ӯ зарур аст, ки як мошинашро фурӯхта, бо пули он ҳаҷ кунад.

Инчунин ба ҳунарманд ҷоиз нест, ки асбобу олатҳои худро фурӯхта, ба ҳаҷ равад, зеро ба онҳо эҳтиёҷ дорад.

Инчунин мошине, ки бо он кор карда, бо пули он ба худ ва аҳлу аёлаш нафақа мекунад. Ба ин гуна шахс воҷиб нест, ки мошинашро фурӯхта, бо пули он ҳаҷ кунад.

Аз ҷумлаи эҳҷтиёҷоти аслии дигар, ин издивоҷ аст. Агар шахс ба издивоҷ эҳтиёҷ дошта бошад, онро аз ҳаҷ намудан пеш мегузорад ва агар эҳтиёҷ надошта бошад, ҳаҷ мекунад.

Ба ҷавоби саволи (27120) нигаред.

Бояд дар назар дошт, ки мақсад аз тавоноии молӣ он аст, ки баъди пардохти қарзҳо ва нафақаҳои шаръӣ ва эҳтиёҷоти зарурӣ, лозим аст, ки дар назди ӯ маблағи кифоя барои адои ҳаҷ боқӣ монад.

Касе, ки қудрати ҷисмониву молӣ дорад, ба ӯ зарур аст, ки ба ҳаҷ кардан бишитобад.

Касе, ки қудрати ҷисмониву молӣ надорад ва ё қудрати ҷисмонӣ дорад, вале ӯ камбағал аст ва маблағе надорад, ҳаҷ бар ӯ воҷиб нест.

Касе, ки қудрати молӣ дорад вале қудрати ҷисмонӣ надорад, дидгоҳи мо дар ин масъала чунин аст:

Агар умед бошад, ки нотавонии ӯ бартараф мешавад, масалан, беморе, ки ба шифо ёфтанаш умед аст, дар ин ҳолат ӯ мунтазир мешавад, то Аллоҳ барояш  шифо бидиҳад. Баъд аз он, ҳаҷ мекунад.

Агар барои бартараф шудани беморияш умеде набошад, ба монанди гирифтор ба бемории саратон ё калонсоле, ки ҳаҷ карда наметавонад, бар ин гуна шахс воҷиб аст, ки шахсеро аз номи худ ба ҳаҷ фиристад, то аз номи ӯ ҳаҷ кунад. Зеро агар шахс қудрати молӣ дошта бошад, бо надоштани қудрати ҷисмонӣ ҳаҷ аз ӯ соқит намешавад.

Далел ба ин гуфтаҳо ҳадисест, ки Бухорӣ (1513) ривоят кардааст:

Зане пурсид: Эй расулуллоҳ, фаризаи ҳаҷ дар ҳоле бар падарам воҷиб гашт, ки ӯ ба болои маркаб устувор истода наметавонад. Оё ба ҷойи ӯ ҳаҷ кунам? Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Оре". 

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) инҷо сухани ӯро иқрор намуд ва маълум гардид, ки бо вуҷуди қудрати ҷисмонӣ надоштан ҳаҷ ба падари ӯ фарз шудааст.

Барои фарз шудани ҳаҷ бар зан шарт аст, ки ҳамроҳаш маҳрам бошад. Зеро барояш сафари ҳаҷ танҳо дар сурате раво мегардад, ки ҳамроҳаш маҳраме бошад.

Дар ин бора аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чунин омадааст:

"Зан танҳо бо маҳрами хеш сафар мекунад".   Ривояти Бухорӣ (ҳадиси 1862) ва Муслим (ҳадиси 1341). 

Маҳрами зан шавҳар ва ҳар шахсе, ки бо сабаби насаб ва ширхорагӣ ва ё мусоҳара (қудоӣ) умрбод бар ӯ (издивоҷ намудан бо онҳо) ҳаром гаштааст.

Шавҳари хоҳар ва ё шавҳари хола ва ё шавҳари амма маҳрам хисобида намешаванд. Баъзе аз занон саҳлангорӣ намуда, ҳамроҳ бо хоҳар ва шавҳари хоҳараш ва ё бо холааш ва шавҳари холааш сафар мекунанд. Ин гуна амалкарди онҳо ҳаром аст. Зеро шавҳари хоҳар ва ё шавҳари хола маҳрами ӯ ҳисобида намешавад. Ба ин гуна занҳо дуруст нест, ки бо чунин мардон сафар кунанд.

Хавфи он аст, ки ҳаҷҷи ин гуна занон ҳаҷҷи мабрур намешавад. Чунки ҳаҷҷи мабрур ҳаҷҷест, ки бо ӯ гуноҳ омезиш нашуда бошад. Ин гуна занон дар тамоми муддати сафар то баргаштан гунаҳгор шуморида мешаванд.

Яке аз шурути маҳрам ин аст, ки бояд солимақлу ба балоғат расида бошад. Зеро мақсад аз маҳрам ҳифз ва нигоҳдорӣ кардани зан аст. Ин кор аз дасти кӯдаку девона намеояд.

Агар зан маҳраме надошта бошад, ё маҳраме дошта бошаду, вале аз сафар намудан бо ӯ худдорӣ кунад, дар ин ҳолат ҳаҷ бар ӯ воҷиб намебошад.

Иҷозат пурсидан аз шавҳар аз ҷумлаи шартҳои воҷиб гаштани ҳаҷ ба зан нест. Вақте ки шартҳои воҷиб гаштани ҳаҷ ба зане фароҳам гарданд, ҳаҷ бар ӯ фарз мешавад.  Агарчӣ шавҳараш ба ӯ иҷозат надиҳад ҳам.

Дар фатвои Кумитаи доимии фатво (11/20) оиди ин масъала чунин омадааст:

"Агар шартҳои қудрат ба ҳаҷ дар зане фароҳам гарданд, барояш ҳаҷ кардан фарз мешавад ва аз шавҳар иҷозат пурсидани ӯ воҷиб нест. Шавҳар ҳақ надорад, ки ҳамсарашро аз он манъ кунад. Балки мутобиқи шариат, бояд ӯ ҳамсарашро дар адо намудани ин воҷиб дастгирӣ кунад". Поёни сухан.

Ҳамаи ин гуфтаҳо дар бобати ҳаҷҷи фарзӣ мебошанд. Аммо оиди ҳаҷҷи нофила, Ибни Мунзир иҷмои донишмандонро нақл кардааст, ки шавҳар ҳақ дорад, ки ҳамсари худро аз ҳаҷҷи нофила манъ кунад. Зеро ҳаққи шавҳар бар ӯ воҷиб аст ва ин ҳақро бо сабаби чизе ки воҷиб нест, аз даст надиҳад.

Ал-Муғнӣ (5/35).

Барои маълумоти бештар ба китоби "Шарҳу-л-мумтиъ" нигаред.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб