Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Додани закот ба созмонҳои хайриявӣ барои тақсим кардани он

10-02-2024

Савол 105946

Оё интиқоли маблағи закот ба суратҳисоби созмонҳои хайриявии закот ҷоиз аст, дар ҳоле ки дар ҳамон шаҳре, ки ман зиндагӣ мекунам, шояд шахсоне вувуд доранд, ки сазовори он ҳастанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Интиқоли маблағи закот ба суратҳисоби созмонҳои хайриявӣ, то онҳо онро тақсим кунанд, ҷоиз аст, ба шарте ки масъулони онҳо мӯътамад бошанд ва тавонанд онро ба мустаҳиққони шаръияш тақсим кунанд.

Асос дар закот ин аст, ки бояд он ба фақирони кишваре, ки мол дар онҷост, тақсим карда шавад. Аммо агар ба интиқол додани он ба кишвари дигар эҳтиёҷ бошад, масалан фақирони он кишвар ниёзмандтар бошанд ва ё закотдиҳанда дар он кишвар хешовандони камбағал дошта бошад ва аз қабили он, пас дар ин ҳолат интиқол додани закот ҷоиз аст.

Ниг: Саволи рақами (43146 ).

Масрафҳои закот
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб