Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё метавонад рӯзаи шаш рӯзи Шавволро дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе анҷом бидиҳад?

03-06-2020

Савол 106468

Оё дуруст аст, ки рӯзаи шаш рӯзи Шавволро дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе анҷом бидиҳам, то савоби рӯзаи душанбе ва панҷшанберо ҳам ба даст биёварам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, ҳеҷ ашколе надорад. Бароят савоби рӯзаи шаш рӯзи Шаввол ва савоби рӯзаи душанбе ва панҷшанбе навишта хоҳад шуд.

Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

Агар рӯзаи ин рӯзҳои шашгона дар рӯзи душанбе ва панҷшанбе воқеъ шавад, бо нияти рӯзаи шашгона ва нияти рӯзаи душанбе ва панҷшанбе савоби ҳардуро ба даст меоварад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳаройина амалҳо ба ниятҳо вобастагӣ доранд ва ҳар шахс мутобиқи нияташ савоб ба даст меоварад". 

Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳ).

"Фатово исломийя" (2/154).

Рӯзаи нофила
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб