Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё садақа ва закот додан ба ғайри мусулмонон ҷоиз аст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Бале, садақа додан ба ғайри мусулмонон ба хотири нарм намудани дилҳояшон ба Ислом, бо умеди мусулмон шуданашон ҷоиз аст, хоҳ аз моли закот бошад ё аз моли садақаи нофила. Аммо ба ҷуз ин, садақа додан ба онҳо ҷоиз аст, вале закот додан ба онҳо ҷоиз нест, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:
لَا يَنْهَاكُمُ اللّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ أَنْ تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ اللهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ
سورة الممتحنة: ٨
«Аллоҳ шуморо аз некӣ кардан ва адолат варзидан нисбат ба касоне, ки дар (амри) дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун насохтаанд, манъ намекунад. Бегумон Аллоҳ адолатпешагонро дӯст медорад». (Сураи Мумтаҳана: 8).
Закот додан ба ба кофир ҷоиз нест, магар ин ки ӯ аз ҷумлаи дилҷӯшудагон бошад, зеро Аллоҳ таъоло дар баёни мустаҳиққони закот мефармояд:
وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ
سورة التوبة: ٦٠
«Ва барои дилҷӯшудагон». (Сураи Тавба: 60). Поёни сухан.
Ҷаноби Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).