Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Номгузории беморхонаҳо ва марказҳои Қуръон ба номи шахсиятҳои маъруфи мусулмон

19-10-2023

Савол 112027

Оё номгузории муассисаҳои хайрия, беморхонаҳо, марказҳои Қуръон ва ғайра ба номи мусулмонҳои барҷаста, мисли саҳобагон, тобеин ва касоне, ки пас аз онҳо омадаанд, аз қабили имомони ҳидоятёфта ва пешвоёни муҷоҳидин ҷоиз аст ё на?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Номгузории муассисаҳои хайрия, беморхонаҳо, марказҳои Қуръон ва ғайра ба номи мусулмонҳои барҷаста, мисли саҳобагон, тобеин ва касоне, ки пас аз онҳо омадаанд, аз қабили имомони ҳидоятёфта ва пешвоёни муҷоҳидин ҳеҷ боке надорад. Ин номгузорӣ ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҷумлаи бидъатҳо нест, балки аз ҷумлаи мубоҳот аст. (Яъне номгузории беморхонаҳо ва марказҳои Қуръон ба номи шахсиятҳои маъруфи мусулмон бидъат нест, балки мубоҳу раво аст).

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдураззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.
"Фатово-л- лаҷнати-д-доимати ли-л-ифто" (26/383).   

Аллоҳ донотар аст.

Одат Номҳо, кунияҳо ва лақабҳо
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб