Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман аз хориҷ шудани нутфа дар моҳи Рамазон дар ҳоли рӯзадорӣ шикоят дорам, ки нутфаи ман бидуни эҳтилом ё истимно (берун кардани манӣ бидуни ҳамбистарӣ, кафакӣ кардан, ҷалқзанӣ) хориҷ мешавад. Оё ин ба рӯза ягон таъсире дорад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Агар ин чиз ҳамонтавре бошад, ки (дар савол) зикр шуд, хориҷ шудани нутфа бидуни лаззат дар рӯзи Рамазон ба рӯзаи шумо ягон таъсире надорад ва қазои он рӯз бар шумо воҷиб нест.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.