Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ҳукми гузоштани пойҳо ба самти қибла

08-07-2020

Савол 12871

Баъзе аз мардумон мегӯянд, ки гузоштани пойҳо ба самти қибла ҳангоми нишастан дар масҷид амри ноҷоиз ва аз одобҳои бад ба ҳисоб меравад. Оё ин ягон асосе дорад, ё ин чизи фарҳангӣ-анъанавӣ аст, ё ин чизи иловашуда ва нав эҷодшуда аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайх Абдуллоҳ ибни Ҳумайд (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди гузоштани пойҳо ба самти қибла пурсида шуд. Дар ҷавоб гуфт: Ҳеҷ монеияте нест. Аммо баъзе аз донишмандон макруҳ донистанд, ки шахс пойҳояшро ба сӯи Каъба дароз кунад, агар ба он наздик бошад. Инро макруҳи танзеҳӣ ҳисобидаанд. Аммо агар масҷиде дар ҷои дигар вуҷуд дошта бошад ва дар он мусулмоне пойҳояшро ба сӯи қибла кунад, ҳеҷ боке надорад ва дар он ягон мамнӯияте нест, иншоаллоҳ, чуноне ки аҳли илм баён намудаанд. Аллоҳ донотар аст.

Нигар ба Фатовои шайх Ибни Ҳумайд, саҳ: 144.

Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди гузоштани пойҳо ба самти қибла ҳангоми хобидан, пурсида шуд. Дар ҷавоб гуфт:

Бар инсон ҳеҷ ҳараҷе нест, ҳар гоҳ хоб кунад ва пойҳояш ба сӯи қибла бошанд.

Фатовои Ибни Усаймин: 2/976.

Одоби хоб
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб