Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ӯ мехоҳад қазои рӯзаи Рамазонро то зимистон ба таъхир андозад, зеро рӯзҳояш кӯтоҳ мебошанд

28-12-2022

Савол 132421

 

Анҷом додани қазои рӯзаи рӯзҳои Рамазон дар фасли зимистон чӣ ҳукм дорад? Чунки ҳамонтавре медонем рӯзҳои зимистон кӯтоҳ аст.

Матни ҷавоб

 

Ҳамду сано барои Аллоҳ.
 
"Бар касе, ки рӯзаи рӯзҳое аз Рамазонро хӯрдааст, воҷиб мебошад, ки пеш аз фаро расидани Рамазони дигар, қазои он рӯзҳоро анҷом бидиҳад, хоҳ дар рӯзҳои зимистон бошад ё дар дигар рӯзҳои сол, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ

سورة البقرة: ١٨٥

«Ва ҳар кас бемор ва ё дар сафар бошад, бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад».   (Сураи Бақара: 185).

Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки ӯ қазои рӯзаи Рамазон дошт, вале ба хотири мақоми расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) қазои онро танҳо дар моҳи Шаъбон адо мекард.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз .. Шайх Абдурраззоқ Афифӣ .. Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.
"Фатово-л-лаҷнату-д-доима. Ал-Маҷмуъату-с-сония" (9/278).

Қазои рӯза Каффорат
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб