Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё пойҳоро ба ҷониби қибла карда хобидан ҷоиз аст?

12-09-2020

Савол 20943

Оё пойҳоро ба ҷониби қибла карда хобидан ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Бар инсон ҳеҷ ҳараҷе нест, ҳар гоҳ хоб кунад ва пойҳояш ба сӯи Каъба бошанд. Балки фақеҳон (раҳмати Аллоҳ бар онҳо бод) фармудаанд: Беморе, ки рост истода ва нишаста наметавонад, бар паҳлӯи худ хобида ва рӯяшро ба сӯи қибла карда намоз мехонад. Агар натавонад, бар пушт хоб карда, пойҳояшро ба сӯи қибла намуда намоз мехонад".

Фатовои Ибни Усаймин: 2/976.

   Аллоҳ  донотар аст.

Одоби хоб
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб