Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Як созмони хайриявӣ Қуръони каримро нашру чоп менамояд ва маънои онро ба забонҳои мухталифу гуногун тарҷума мекунад, оё сарф кардани закот дар ин лоиҳа ҷоиз аст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Маънои зоҳири Қуръон далолат мекунад, ки дар ин лоиҳа закот сарф карда намешавад, зеро он аз ҷумлаи масориф (ва мустаҳиққони закот) нест, ки дар ояти зерин зикр шудааст:
إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِى الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِى سَبِيلِ اللهِ وَابْنِ السَّبِيلِ فَرِيضَةً مِّنَ اللهِ وَاللهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
سورة التوبة: ٦٠
«Садақаҳо танҳо барои фақирон ва мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он ва дилҷӯшудагон ва барои (озод кардани) бандагон ва (пардохти қарзи) қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ ва мусофирон (дарроҳмондагон) аст. Фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ донои ҳаким аст». (Сураи Тавба: 60).
Ҳайати Шӯрои Олии уламо баёнияе содир кардааст, ки тибқи он закот дар ин лоиҳа сарф карда намешавад, ҳамонтавре ки дар боло зикр кардем.