Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ҳукми касе, ки дар моҳи Рамазон духтари бегонаеро бӯса кардааст

19-03-2022

Савол 22838

Ҳукми касе, ки дар моҳи Рамазон духтари бегонаеро бӯса кардааст, чист? Оё қазои он рӯз бар ӯ воҷиб аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бешак ин марде, ки зани бегонаеро бӯса намудааст, ҳикмати рӯзаро дарк накардааст, зеро ин мард кирдори ботилеро анҷом додааст. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас гуфтору кирдори ботил ва ҷаҳолатро тарк накунад, Аллоҳ ба тарки хӯрдану нӯшидани ӯ, ҳеҷ ниёзе надорад».

Агар духтарро маҷбур намуда, ин корро анҷом дода бошад, дар ҳаққи ӯ кирдори ботил ва ҷаҳолат бо ҳам ҷамъ шудаанд. Аз ин рӯ, дар воқеъ рӯзаи ӯ ҳикмату ҳадафи худро гум кардааст ва бидуни шак савоби он ноқису нопурра буда, вале дар назди аксари донишмандон рӯзааш фосид намешавад. Ин ба ин маъност, ки мо ба ӯ намегӯем, ки қазои он рӯзро адо намо.

Муфсидот ва шиканандаҳои рӯза
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб