Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё бароям ҷоиз аст, ки закоти фитрро аз шири хушк бипардозам?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Пардохти закоти фитр дуруст нест, магар аз таоме, ки дар урфи он кишвар зиёд истифода мешавад, тавре ки аксари мардум онро ҳамчун ғизои асосӣ дар хӯроки субҳу шом истифода мебаранд, ба монанди гандум, биринҷ ва ғайра.
Аз ин рӯ, пардохи закоти фитр аз шири хушк дуруст нест, магар ин ки он хӯроки асосии кишваре аз кишварҳо бошад.
Ин саволро ба шайхамон Абдураҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ таъоло ӯро ҳифз кунад) пешниҳод кардам, дар ҷавоб гуфт: "Пардохти закоти фитр аз шир дуруст нест, вале агар қавме бошанд, ки хӯрокашон шир бошад, ҳеҷ боке надорад".
Аллоҳ донотар аст.