Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Яке аз даврҳои тавофи ифозаро фаромӯш кардааст

29-06-2023

Савол 26213

Агар ҳоҷӣ тавофи ифозаро анҷом бидиҳад, вале яке аз даврҳои тавофро фаромӯш кунад ва пас аз хориҷ шудан аз Масҷиду-л-ҳаром дарк намояд, ки як даври тавофро анҷом надодааст. Пас (ин масъала) чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

 

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар ҳоҷӣ тавофи ифозаро анҷом бидиҳад ва яке аз даврҳои тавофро фаромӯш кунад, агар муддати тӯлонӣ гузашта бошад, тавофро аз нав анҷом медиҳад. Аммо агар муддати кӯтоҳе гузашта бошад, ҳамон даври фаромӯш кардаашро анҷом медиҳад. 

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.
Сифати ҳаҷҷу умра
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб