Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё зан метавонад закоти молашро ба шавҳараш бидиҳад?

16-04-2023

Савол 3144

 

Оё барои зан ҷоиз аст, ки закоти молашро ба шавҳараш бидиҳад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои зан ҷоиз аст, ки закоти молашро ба шавҳараш бидиҳад, агар шавҳар аз аҳли закот бошад, зеро нафақа (таъмини хӯроку пӯшок ва маскан)-и шавҳар бар зан воҷиб нест ва ҳамчунин дар ривояте омадааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба зани Абдуллоҳ ибни Масъуд (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) иҷозат додааст, ки закоти молашро ба шавҳараш Абдуллоҳ бидиҳад.

Фатовои Кумитаи доимӣ 9/253.

     Аллоҳ таъоло донотар аст.

Масрафҳои закот
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб