Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Агар гуфтани азон бо баландгӯяк манъ шавад, оё онҳо бояд ҳиҷрат кунанд?

03-12-2024

Савол 3309

Оё манъ намудани мусалмонон аз эълони азон бо баландгӯякҳо, нотавонӣ дар иҷрои ойинҳои динӣ маҳсуб мешавад, ки воҷиб шудани ҳиҷрат ва истиқомат накардан дар он кишварро тақозо мекунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мо ин саволро ба Ҷаноби Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин матраҳ намудем, (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) чунин посух дод:

Ин чиз ба он дохил намешавад, зеро истифодаи баландгӯякҳо як чизи нав аст, бинобар ин онҳо метавонанд (бидуни баландгӯяк) бо овози худ азон хонанд ва расму оинҳои диниро барпо кунанд.

Аллоҳ донотар аст.

Ҷиҳод ва ҳиҷрат
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб