Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман як мушкилие дорам ва он мушкилӣ ин аст, ки ман ҳанӯз аз кӯдакиам сарангушти худро мемакам. Ин одат дар вақтҳои беморӣ зиёд мешавад. Ман дар шакку шубҳа ҳастам, ки оё ин амал ҳаром аст ва ё на? Оё ин амал рӯзаи маро фосид мекунад? Як дӯсте ба ман гуфт, ки ҳар чизе вориди бадан шавад, рӯзаро ботил мекунад. Лутфан ҳарчӣ зудтар ба саволи ман посух бидиҳед, зеро Рамазон ба наздикӣ оғоз мешавад ва аз ин чиз шарм медорам ва дар ин бора бо касе сӯҳбат кардан намехоҳам, ҳатто бо шавҳарам.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Шумо бояд барои тарк намудани ин одат саъю кӯшиш кунед ва ангушти худро аз даҳонатон бароред, ҳар боре, ки аз он огоҳ шавед. Ҳар он чизе, ки дар ҳоли фаромӯшӣ рӯй медиҳад, ба рӯзаи шумо зарар намекунад.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Аллоҳ таъоло аз уммати ман хато ва фаромӯшӣ ва он чи ки бар он маҷбур карда мешаванд, гузашт кардааст». Ибни Моҷа (2033) ин ҳадисро ривоят кардааст ва дар "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" дар зери шумораи (1731) зикр шудааст.