Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ҳукми хӯрдани гӯшти зоғ, рӯбоҳ ва шоҳин

04-12-2020

Савол 36730

Оё хӯрдани ин ҳайвонҳо аз нигоҳи шариат ҷоиз аст: зоғ, оҳу, рӯбоҳ ва шоҳин?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Хӯрдани гӯшти зоғ ҷоиз нест, зеро зоғ аз ҳайвоноти зараррасон мебошад, ки дар ҳоли эҳром ва хориҷ аз эҳром кушта мешавад. Зоғ мурдор ва наҷосатҳоро мехӯрад. Аммо як навъ зоғи киштзор вуҷуд дорад, ки танҳо дона ва чизҳои покро мехӯрад, аз ин хотир ҳалол мебошад. Он аз зоғи сиёҳи маъруф хурдтар мебошад.

Аммо рӯбоҳ бошад, дандони шикорӣ дорад ва шикор мекунад ва ноҷосатҳоро мехӯрад, аз ин рӯ ҳаром мебошад. Онҳое, ки гӯшти рӯбоҳро макруҳ гуфтаанд, фикр мекунам, ки он макруҳи таҳримӣ аст. (Яъне ҳукми он ба монанди ҳаром аст).

Аммо шоҳин аз ҷумлаи паррандагони чанголдор ба шумор меравад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз хӯрдани гӯшти ҳар паррандаи чанголдор манъ кардааст. Шоҳин чизҳои дар чангол доштаи худро мехӯрад, ё бо чанголҳояш шикор мекунад, ба монанди боз, боша (қирғӣ), лочин, уқоб, каргас ва ғ. Азбаски онҳо лоша (мурдор) мехӯранд ва аз наҷосатҳо ғизо мегиранд, аз ин хотир ҳаром шудаанд.

Аммо оҳу бошад, бо иҷмои донишмандон ҳалол аст ва онро забй ҳам меноманд. Зеро он аз ҷумлаи сайди даштӣ ба шумор меравад. Саҳобагон барои шахсе, ки онро дар ҳудуди ҳарам ё дар ҳоли эҳром мекушад, фидя муқаррар кардаанд. Ин бар раво будани гӯшти оҳу далолат мекунад.

         Аллоҳ донотар аст.

Таомҳо
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб