Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё барои зан ҷоиз аст, ки дар даҳаи охири Рамазон дар масҷид ба эътикоф бинишинад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Бале, барои зан ҷоиз аст, ки дар даҳаи охири Рамазон дар масҷид ба эътикоф нишинад.
Балки эътикоф барои мардону занон суннат аст. Модарони мӯъминон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) бо ҳамроҳи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар зиндагии ӯ ба эътикоф менишастанд ва инчунин баъди вафоти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба эътикоф нишастанд.
Бухорӣ (2026) ва Муслим (1172) аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ҳамсари паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят кардаанд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) то охири умри худ, дар даҳаи охири Рамазон ба эътикоф менишаст. Сипас ҳамсаронаш пас аз ӯ ба эътикоф нишастанд.
Дар китоби "Авну-л-маъбуд" гуфта шудааст:
Ин далолат мекунад, ки занон дар мавриди эътикоф ба монанди мардон мебошанд. Поёни сухан.
Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
"Эътикоф барои мардону занон суннат аст, зеро аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки ӯ дар моҳи Рамазон ба эътикоф менишаст ва дар ниҳоят эътикофи ӯ дар даҳаи охир қарор гирифт. Баъзе аз ҳамсаронаш бо ҳамроҳи ӯ ба эътикоф менишастанд ва инчунин баъди вафоти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба эътикоф нишастанд. Ҷои эътикоф масҷидҳое мебошанд, ки дар он ҷо намози ҷамоат баргузор шавад". Поёни сухан аз сомонаи Шайх Ибни Боз дар интернет.
Аллоҳ донотар аст.