Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё ҷоиз аст, ки шаш рӯзи моҳи Шавволро бо нияти қазои рӯзҳое, ки дар моҳи Рамазон ба сабаби ҳайз рӯза нагирифтаам, рӯза бигирам?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ин дуруст нест, зеро рӯзаи шаш рӯзи Шаввол танҳо пас аз комил намудани рӯзаи Рамазон анҷом дода мешавад.
Шайх Ибни Усаймин дар "Фатово-с-сиём" (438) гуфтааст:
"Касе, ки дар рӯзи Арафа ё Ошуро рӯза бигирад ва ӯ рӯзаи қазои Рамазон дошта бошад, рӯзааш дуруст аст, вале агар дар он рӯз қазои Рамазонро ният кунад, дар ин ҳолат ду савоб мегирад: Яке савоби рӯзаи Арафа ё Ошуро ва дигаре савоби қазо. Ин амр (яъне ду савоб) нисбат ба рӯзаи нофилаи мутлақ аст, ки ба рӯзаи Рамазон алоқа надошта бошад. Аммо рӯзаи шаш рӯзи Шаввол ба Рамазон алоқамандӣ дорад ва танҳо пас аз рӯзаҳои қазои Рамазон анҷом дода мешавад. Аз ин хотир, агар онро (рӯзаи шаш рӯзи Шавволро) пеш аз қазои Рамазон анҷом бидиҳад, савоби онро ба даст намеоварад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе, ки Рамазонро рӯза гирад ва сипас онро бо шаш рӯз аз Шаввол идома диҳад, (яъне шаш рӯзи дигар дар моҳи Шаввол рӯза гирад), гуё, ки як сол рӯза гирифтааст». Маълум аст, ки касе рӯзаи қазоӣ дошта бошад, то ин ки қазоҳояшро анҷом надиҳад, комилан рӯзагирандаи Рамазон ҳисобида намешавад". Поёни сухан.