Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Истимно (кафакӣ кардан, ҷалқзанӣ) бидуни хориҷ кардани манӣ дар Рамазон

30-03-2021

Савол 40664

Дар синни наврасӣ дар баъзе рӯзҳои Рамазон истимно мекардам. Вале намегузоштам, ки манӣ аз олати таносулӣ хориҷ шавад ва онро боз медоштам. Вале шаҳвату лаззат мебурдам. Ҳукми рӯзаам чист? Чӣ гуна метавонам он гуноҳи бузургро пок намоям? Бояд қайд кард, ки ман шумораи рӯзҳое ки дар он рӯзҳо ин корро анҷом додаам, намедонам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бидон, ки содир намудани ин одат дар шариат ҳаром аст, чуноне ки китоби Аллоҳ таъоло ва суннати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба он далолат кардаанд. Қаблан дар саволи рақами (329) далелҳо ботафсил баён шудаанд. Ин кор ҳам аз ҷиҳати ақл ва ҳам аз ҷиҳати фитрат як чизи зишт аст. Ба мусулмон лоиқ нест, ки ба ин кори зишт наздикӣ кунад.

Бидон, ки гуноҳҳо ба инсон дар дунё ва дар охират паёмадҳои баде меоранд, агар инсон аз он тавба накунад ва ё Аллоҳ ӯро ба раҳмати худ лоиқ надонад. Ин масъала қаблан дар рақамҳои (23425), (8861) ботафсил баён карда шуд.

Аммо ҳукми масъалаи мазкур дар ин савол, агар истимно карда бошӣ, вале бо сабабе аз сабабҳо манӣ хориҷ нагардад, дар асоси дурусттарин дидгоҳи донишмандон рӯза намешиканад, зеро (барои шикастани рӯза) хориҷ шудани манӣ муҳим аст. Агар манӣ хориҷ шавад, рӯза мешиканад ва қазои он рӯз бар ӯ зарур аст. Агар манӣ хориҷ нашавад, рӯза намешиканад. Вале ба ҳар ҳол, бар ту зарур аст, ба сӯи Аллоҳ тавба намоӣ ва барои зоеъ намудани рӯза бо чунин корҳо истиғфор кунӣ.

Шояд манӣ пас аз муддате хориҷ мешавад, агарчӣ онро боз дошта бошӣ ҳам. Дар ин ҳол рӯза мешиканад ва бароят қазои он рӯз зарур аст. Агар шумораи рӯзҳоеро ки рӯзаи онро ботил намудаӣ, надонӣ, пас тақрибан ҳисоб намо, то гумони ғолиб пайдо кунӣ, ки қазои он рӯзҳоро анҷом додаӣ.

Шайх Ибни Усаймин дар китоби "Шарҳу зади-л-мустақниъ" гуфтааст: Оё имкон дорад, ки манӣ ҳаракат кунаду, вале хориҷ нашавад?

Бале, имкон дорад. Пас аз ҳаракат кардани манӣ, шаҳвати инсон бо сабабе паст шавад, дар ин ҳангом манӣ хориҷ намешавад.

Мисоли дигареро овардаанд: Олати таносулии худро бидорад, то ки манӣ набарояд. Ҳарчанд фақеҳон инро ҳамчун мисол қайд кардаанд, аммо он хеле зарарнок аст. Фақеҳон (раҳмати Аллоҳ бар онон бод) мисолоҳоеро барои тасаввур намудани масъала новобаста аз зараровар будан ё набудани он зикр мекунанд. Ғолибан дар чунин ҳол пас аз раҳо кардани олати таносулӣ манӣ хориҷ мешавад.

Баъзе аз донишмандон гуфтаанд: Ба хотири ҳаракат намудани манӣ ғусл воҷиб намешавад. Ин ихтиёри Шайхулислом буда ва ин дидгоҳи дурусттарин мебошад. Далели он чунин аст:

1. Ҳадиси Умми Салама, ки дар он омадааст: «Бале, агар ӯ обро бинад». Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нагуфтааст, ки ё ҳаракт кардани маниро эҳсос намоӣ. Агар бо ҳаракт кардани манӣ ғусл воҷиб мешуд, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) онро баён мекард, зеро ба он ниёз вуҷуд дошт.

2. Ҳадиси Абусаиди Худрӣ: «Албатта об аз об аст». Дар ин ҳолат об вуҷуд надорад. Ҳадис далолат мекунад, ҳар гоҳ об набошад, (яъне манӣ набарояд), об нест (яъне ғусл воҷиб нест).

3. Асос боқӣ мондани покӣ ва воҷиб набудани ғусл мебошад. Агар далеле набошад, ин асосро тағйир додан дуруст нест.

(Аш-шарҳу-л-мумтиъ 1/280. Ниг: “Ал-Фуруъ” 1/197. “Ал-Мабсут” 1/67. “Ал-Муғнӣ” 1/128. “Ал-Маҷмуъ” 2/159. “Ал-Мавсуату-л-кувайтия” 4/99).

Лутфан ба саволҳои рақами (38074) ва (2571) руҷӯъ кунед.

         Аллоҳ донотар аст.

Муфсидот ва шиканандаҳои рӯза Тавба Ахлоқи бад
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб