Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Мо ин саволро ба шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин фиристодем ва ӯ ба мо чунин навишт:
Дидгоҳи саҳеҳ ин аст, ки ба хотири гуноҳи падару модар бар валадуззино ягон гуноҳе навишта намешавад, зеро аз ӯ ягон гуноҳе дар ин амр содир нашудааст, балки гуноҳ бар падару модараш навишта мешавад. Аз ин хотир, ӯ метавонад ба падаре, ки эътироф кардааст, ки ӯ фарзандаш аст, худро нисбат бидиҳад ва инчунин ба кишвари ӯ (дар ҳуҷҷатҳои расмӣ) худро нисбат дода метавонад. Ҳамчунин метавонад ба модаре, ки ӯро таваллуд кардааст, худро нисбат бидиҳад, зеро ӯ асаба (хешованди наздик)-и ӯ мебошад ва ба қабила ва кишвари ӯ низ худро нисбат дода метавонад.
Бояд ӯ амали худро ислоҳ намояд ва дар рафтор ва дини исломи худ пойбанд бошад. Он гуноҳе, ки аз ҷониби падару модараш ҳосил шудааст, ба ӯ зарар намерасонад. Касе, ки амалаш ӯро ба ақиб андозад, насабаш ӯро ба пеш бурда наметавонад.
Аллоҳ донотар аст.