Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Пеш аз он ки ман ба таълимоти исломӣ пойбанд бошам, барои яке аз дӯстонам аз бонк қарзи бофоиз гирифтам. Дӯстам ба худ аҳд дод, ки маблағро пардохт мекунад. Ҳоло ман мехоҳам бо модарам ба ҳаҷ биравам, аммо ӯ пеш аз ҳаҷ маблағро супорида наметавонад. (Бояд қайд кард, ки қарз ба номи ман аст).
Оё ин ба дурустии адо намудани фаризаи ҳаҷ таъсир мерасонад?
Шумо бояд ба сӯи Аллоҳ тавба намоед, ки дӯсти худро бар кори ҳаром ёрӣ кардаед.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ
سورة المائدة: ٢
«Ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед». (Сураи Моида: 2).
Шумо бояд ҳукми ин масъаларо ба дӯстатон баён намоед ва ба ӯ насиҳат кунед, ки тавба намояд ва (ба ин гуноҳ) барнагардад.
Аллоҳ моро ба он чи ки дӯст медорад ва аз он розӣ аст, муваффақ намояд. Дуруди Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад бод.