Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Шахсе дар Қутби Шимол зиндагӣ мекунад ва мехоҳад қурбонӣ кунад. Оё ҷоиз аст, ки наҳангеро қурбонӣ намояд?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Қурбонӣ кардани наҳанг, асп, оҳу ва ё мурғ дуруст нест, зеро яке аз шартҳои қурбонӣ ин аст, ки ҳайвони қурбонӣ бояд аз баҳимат-у-анъом бошад, ки иборатанд аз шутур, гов, гӯсфанд бо тамоми навъҳояш, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَلِكُلِّ أُمَّةٍ جَعَلْنَا مَنسَكًا لِيَذْكُرُوا اسْمَ اللهِ عَلَى مَا رَزَقَهُم مِّن بَهِيمَةِ الْأَنْعَامِ (سورة الحج: ٣٤).
«Ва барои ҳар уммате қурбониро муқаррар намудем, то номи Аллоҳро (дар ҳангоми забҳ) бар чаҳорпоёне, ки рӯзиашон кардааст, зикр кунанд». (Сураи Ҳаҷ: 34).
Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва аз ҳеҷ яке аз саҳобагонаш нақл нашудааст, ки ғайр аз баҳимату-л-анъом дигар ҳайвонеро қурбонӣ карда бошанд.
Ниг: "Фатҳу-л-қадир" (9/97).
Нававӣ дар китоби "Ал-Маҷмуъ" (8/364-366) гуфтааст:
"Шарти дурустӣ ва кофӣ дар қурбонӣ ин аст, ки он аз баҳимату-л-анъом бошад, ки иборатанд аз шутур, гов ва гӯсфанд. Дар он тамоми намудҳои шутур, тамоми намудҳои гов ва тамоми намудҳои гӯсфанд, аз ҷумла буз бо тамоми намудҳояш яксон мебошанд. Қурбонӣ кардан ҳайвоне ғайр аз баҳимату-л-анъом, мисли гови ваҳшӣ, хари ваҳшӣ ва дигар ҳайвонот дуруст нест, хоҳ он ҳайвоноти мазкур нарина бошанд ва ё модина ва ҳеҷ хилофе назди мо дар ин масъала вуҷуд надорад . . .
Қурбонӣ кардани ҳайвоне ки аз оҳую гӯсфанд таваллуд мешавад, дуруст намебошад, чунки он ҳайвон аз баҳимату-л-анъом намебошад". Поёни сухан бо ихтисор.
Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Муғнӣ" (368) монанди ҳаминро гуфтааст.
Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар рисолаи "Аҳкому-л-узҳияти ва-з-закот" гуфтааст:
"Ҳайвоне, ки қурбонӣ мекунад, бояд танҳо аз ҷинси баҳимату-л-анъом бошад, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَلِكُلِّ أُمَّةٍ جَعَلْنَا مَنسَكًا لِيَذْكُرُوا اسْمَ اللهِ عَلَى مَا رَزَقَهُم مِّن بَهِيمَةِ الْأَنْعَامِ (سورة الحج: ٣٤).
«Ва барои ҳар уммате қурбониро муқаррар намудем, то номи Аллоҳро (дар ҳангоми забҳ) бар чаҳорпоёне, ки рӯзиашон кардааст, зикр кунанд». (Сураи Ҳаҷ: 34).
Баҳимату-л-анъом иборат аст аз шутур, гов ва гӯсфанд, ки буз ҳам ҷузъи он аст. Ибни Касир инро қотеъона баён намуда гуфтааст: Ҳасан, Қатода ва дигарон низ бар ҳамин назаранд. Ибни Ҷарир гуфтааст: Дар байни арабҳо низ чунин аст. Поёни сухан.
Илова бар ин, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ғайр аз мусинна дигареро қурбонӣ накунед, магар дар ҳолате, ки бароятон душвор бошад. Пас дар ин ҳангом метавонед гӯсфанди шаш моҳаро забҳ кунед». Ривояти Муслим (1963).
Мусинна: Шутур, гов ва гӯсфандест, ки дусола ё калонтар аст. Инро донишмандон (раҳмати Аллоҳ бар онон бод) гуфтаанд.
Зимнан қурбонӣ ба монанди ҳадй ибодат аст, бинобарин (забҳи ягон ҳайвоне ба нияти қурбонӣ) машрӯъ нест, магар тибқи дастуру равиши расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод). Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нақл нашудааст, ки ӯ ба ғайр аз шутур, гов ва гӯсфанд дигар ҳайвонеро эҳдо ва ё қурбонӣ карда бошад". Поёни сухан.