Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Аз кай метавонам рӯзаи шаш рӯзи Шавволро оғоз кунам? Зеро ҳоло дар мо таътили солона аст.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Рӯзаи шаш рӯзи Шавволро аз рӯзи дуввуми Шаввол оғоз кардан мумкин аст, зеро дар рӯзи ид рӯза гирифтан ҳаром аст. Ин шаш рӯзро дар кадом рӯзҳои Шаввол бихоҳӣ, рӯза гирифта метавонӣ. Беҳтарин некӣ зудтарини он аст.
Аз кумитаи доимии фатво саволи зеринро пурсидаанд:
Оё лозим аст, ки рӯзаи шаш рӯзи Шавволро баъди Рамазон, пас аз ид фавран оғоз кард, ё баъди як чанд рӯзи ид ин рӯзаро дар моҳи Шаввол пайдарпай гирифтан ҷоиз аст, ё не?
Чунин ҷавоб додаанд:
Зарур
нест, ки онро фавран баъд аз иди Фитр рӯза бигирад. Балки ҷоиз аст, ки баъди як ё чанд рӯзи ид ин рӯзаро оғоз кунад. Ҷоиз аст, ки онро пайдарпай ё дар алоҳидагӣ дар моҳи Шаввол ба қадри тавоноии худ анҷом бидиҳад. Масъала дар ин маврид васеъ аст ва ин рӯза фарз нест, балки суннат аст.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.