Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Он барои занон ҷоиз аст, аммо барои мард агар соат аз тилло ва ё тиллокорӣ карда шуда бошад (яъне заркӯбӣ шуда бошад ва ё ба рӯяш оби тило давондашуда бошад), ҷоиз нест. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Тилло ва абрешим ба занони умматам ҳалол гардонида шудааст ва ба мардони умматам ҳаром гардонида шудааст».
Аммо агар ранги он ба тилло монанд бошад, вале тилло набошад, барои мард беҳтар аст, ки онро истифода набарад, то шаъну шарафи ӯ аз иттиҳоми мухолифат варзидан ба Шариати покиза ҳифз шавад.