Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ҳукми азон гуфтан дар назди қабр

08-03-2022

Савол 105376

Дар ҷои мо, дар Бангладеш пас аз дафни майит дар назди қабр азон гуфта мешавад. Мардум дар ин бора ихтилоф намуда, байни худ низоъ доранд. Баъзе аз онҳо ин корро ҷоиз медонанд ва баъзеи дигар аз ин кор манъ мекунанд. Дидгоҳи дуруст дар ин маврид чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Азон ё иқомат хондан дар назди қабр пас аз дафни майит ва ё дар қабр пеш аз дафни ӯ ҷоиз нест, зеро ин амал бидъати нав эҷодшуда мебошад. Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд: «Ҳар кас дар дини мо чизеро эҷод кунад, ки аз дин набошад, пас он мардуд аст».   Бухорӣ ва Муслим ин ҳадисро аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз .. Шайх Абдурраззоқ Афифӣ .. Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён ... Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-ифто (9/72).

     Аллоҳ донотар аст.

Ҷанозаҳо ва аҳкоми қабристон
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб