Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Бартараф кардани ангушти шашум аз даст ҳеҷ боке надорад

15-06-2021

Савол 105435

Ман духтардор шудам ва дар кафи дасти чапаш ангушти шашум вуҷуд дорад. Баъзе аз мардумон ба мо гуфтанд, ки ин ангушти зиёдатиро решакан кардан мумкин аст. Азбаски он овезон аст, ҳар гоҳ дасташ биҷунбад, он ҳам меҷунбад. Бинобар ин, мо ҳукми Исломро оиди ин амалияи ҷарроҳӣ мехоҳем.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Бартараф кардани ангушти зиёдатӣ аз дасти духтар ҳеҷ боке надорад, ҳар гоҳ мафсада аз байн биравад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз .. Шайх Абдурраззоқ Афифӣ .. Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (25/58).

Одат Тиббу табобат
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб