Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Чунин иттифоқ афтод, ки ман дар яке аз калисоҳо бо маоши ҳаррӯза кор кардам. Ҳукми он маоше, ки гирифтам, чист? Оё он ҳалол аст ё ҳаром?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Барои мусулмон ҷоиз нест, ки дар ҷойҳои ширк ва ибодати ғайри Аллоҳ, мисли калисоҳо ва мазору қабрҳо ва монанди инҳо кор бикунад, зеро кори ӯ дар ин ҷойҳо ба маънои иқрор намудани ботил ва кӯмак кардан ба онҳост. Бинобар ин кор кардани ӯ (дар ин ҷойҳо) ҳаром аст, набояд чунин кореро ба ӯҳдаи худ бигирад ва он маоше, ки аз ин кор гирифтааст, ҳаром мебошад, бояд ба даргоҳи Аллоҳ таъоло тавба кунад.
Агар он маблағе, ки (аз калисо) ба даст оварда буд, садақа намояд, барои пок намудани зиммаи худ беҳтар ва барои пушаймонӣ ва дурустии тавбаи ӯ далеле хоҳад буд.
Хулоса: Барои мусулмон ҷоиз нест, ки ба аҳли ботил кӯмак намояд ва набояд дар ҷойҳои ширк ва маконҳои бутпарастӣ, ба монанди калисоҳо, мазору қабрҳо ва дигар маконҳое, ки ҷои анҷоми оини кофирону мушрикон аст, кор бикунад, зеро ӯ бо кораш ба онҳо бар ботил кӯмак кардааст ва ба мункарҳояшон иқрор намудааст ва аз ин рӯ, касби ӯ ҳаром мебошад, паноҳ ба Аллоҳ". Поёни сухан.
"Маҷмӯъу фатово"-и Шайх Солеҳ Ал-Фавзон (2/720).