Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Падарам дар рӯзи саввуми моҳи Рамазон вафот кард. Оё бар ман воҷиб аст, ки Рамазонро барои ӯ комил бикунам, яъне ба ҷои ӯ бисту ҳафт рӯз рӯза бигирам?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Бар шумо ҳеҷ чизе лозим нест, зеро ҳангоме ки падари шумо вафот кард, воҷиб аз ӯ соқит шуд. Аз ин рӯ, шумо набояд аз номи ӯ рӯза бигиред ва ин амал барои шумо машрӯъ намебошад". Поёни сухан.
Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).
Китоби "Маҷмӯу фатово ва мақолотун мутанаввиа" (15/376).