Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё хондани дуои истифтоҳ дар ҳар намоз воҷиб аст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Дуъои истифтоҳ (дуоест, ки дар аввали намоз, пас аз такбири таҳрима ва қабл аз сураи Фотиҳа хонда мешавад ва онро сано низ мегӯянд). Лафзи он чунин аст:
سُبْحَانَكَ اللَّهُمَّ وَبِحَمْدِكَ، وَتَبَارَكَ اسْمُكَ، وَتَعَالَى جَدُّكَ، وَلَا إِلَهَ غَيْرُكَ
"Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука".
(Эй Аллоҳ, Туро ба покӣ ёд мекунам ва Туро ситоиш мегӯям. Номи Ту бобаракат аст ва бузургвории Ту бисёр болост ва ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Ту вуҷуд надорад).
Хондани дуои истифтоҳ воҷиб нест, балки хондани он пас аз такбири таҳрима ва қабл аз қироат суннати муаккада аст. Ягона намозе, ки дар он хондани дуои истифтоҳ машрӯъ нест, ин намози ҷаноза мебошад, аммо дар дигар намозҳое, ки рукӯъ ва саҷда доранд, ба монанди намозҳои фариза, суннатҳои ротиба, витр, намози ҷумъа, намози идайн (иди Фитр ва Азҳо), истисқо, кусуф, таровеҳ ва дигар намозҳо хондани он суннат мебошад. Ғайр аз ин дуои истифтоҳ (Субҳонакаллоҳумма ва ...) дигар дуоҳои истифтоҳ низ ворид шуданд. Агар касе (дар намоз) дуоҳову зикрҳои истифтоҳи воридшударо бихонад, ҳеҷ боке надорад. Поёни сухан.
Шайх Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон ибни Ҷибрин (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад).
"Фатово исломия" (1/302).