Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Зане вафот кард ва дар паси худ модар, шавҳар, чаҳор писар ва чаҳор духтар боқӣ гузошт

21-04-2024

Савол 145201

Модарам (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) даргузашт. Аз ӯ ҳашт фарзанд, чаҳор духтару чаҳор писар, падарам ва модаркалонам, яъне модари модарам (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) боқӣ монданд. Модарам се ҳазор риёл (пули нақд) ва тилло бо арзиши бист ҳазор риёл мерос гузошт. Эй Шайх, ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки ин маблағро байни мо, ба ҳар кадоме мувофиқи саҳмаш тақсим бикунед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Агар модари шумо бимирад ва модар, шавҳар, чаҳор писару чаҳор духтар аз худ боқӣ бигзорад, тарака ба таври зайл тақсим мешавад:
Барои модар: Шашяк (аз шаш як ҳиссаи мерос).
Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَلأَبَوَيْهِ لِكُلِّ وَاحِدٍ مِنْهُمَا السُّدُسُ مِمَّا تَرَكَ إِنْ كَانَ لَهُ وَلَدٌ

سورة النساء: ١١

«Ва барои ҳар як аз падару модари майит як шашум (шашяк)-и тарака аст, агар майит фарзанде дошта бошад».   (Сураи Нисо: 11).
Барои шавҳар: Чоряк (аз чаҳор як ҳиссаи мерос).
Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَلَكُمْ نِصْفُ مَا تَرَكَ أَزْوَاجُكُمْ إِنْ لَمْ يَكُنْ لَهُنَّ وَلَدٌ فَإِنْ كَانَ لَهُنَّ وَلَدٌ فَلَكُمْ الرُّبُعُ مِمَّا تَرَكْنَ

سورة النساء: ١٢

«Нисфи молҳое, ки ҳамсаронатон ба ҷой мегузоранд, аз они шумост, дар сурате ки фарзанде надошта бошанд. Ва агар фарзанде дошта бошанд, як чаҳорум (чоряк)-и молҳое, ки ба ҷой мениҳанд, аз они шумост».   (Сураи Нисо: 12).
Боқимонда барои писарону духтарон аст. Саҳми писар баробари саҳми ду духтар аст. (Яъне ҳиссаи писар ду баробари ҳиссаи духтар аст).
Аллоҳ таъоло мефармояд:

يُوصِيكُمْ اللهُ فِي أَوْلادِكُمْ لِلذَّكَرِ مِثْلُ حَظِّ الأُنثَيَيْنِ

سورة النساء: ١١

«Аллоҳ дар бораи фарзандонатон ба шумо суфориш мекунад, саҳми писар монанди саҳми ду духтар аст».   (Сураи Нисо: 11).
Агар тарака ҳамонтавре ки гуфтед, се ҳазор риёл (пули нақд) ва тилло бо арзиши бист ҳазор риёл бошад:
Пас ҳиссаи модар = 3833 риёл аст.
Ҳиссаи шавҳар = 5750 риёл аст.
Ҳиссаи ҳар як писар = 2236 риёл аст.
Ҳиссаи ҳар як духтар = 1118 риёл аст.
   Аллоҳ донотар аст.

Мерос ва тақсими тарака
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб