Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Яке аз неъматҳои Аллоҳ таъоло бар мусулмон ин аст, ки ӯро ба рӯза доштани Рамазон бирасонад ва ба шабзиндадории он кӯмак намояд. Рамазон моҳест, ки некиҳо дар он дучанд мешаванд ва дараҷаҳо боло мешаванд. Аллоҳ таъоло дар он (яъне, дар Рамазон) аз оташи дӯзах озодшудагоне дорад. (Аллоҳ таъоло дар Рамазон нафарони зиёдеро аз оташи дӯзах озод мекунад). Шоиста аст, ки мусулмон ин моҳро бо амалҳои фоиданок ғанимат бигирад ва соатҳои умрашро бо тоату ибодат гузаронад. Бисёр шахсон бо сабаби беморӣ, марг ё гумроҳӣ аз ин моҳи муборак бенасиб мондаанд.
Чуноне ки бар мусулмон воҷиб аст, ки соатҳои умри худро бо ғанимат гирифтани ин моҳ гузаронад, инчунин бар зиммаи ӯ воҷиботи дигаре нисбати фарзандон вуҷуд дорад, ки бояд онҳоро муроқабат ва тарбия кунад ва онҳоро ба амалҳои хайр тарғибу ташвиқ намояд ва ба он одат кунонад, зеро фарзанд бар он чи ки падар ӯро бо он одат кунонидааст, ба воя мерасад.
Ҷавонон бар одатҳое, ки падарон онҳоро бо он одат кунонидаанд, ба воя мерасанд.
Дар ин рӯзҳои муборак, бояд падару модар дар ғанимат гирифтани ин фурсат давре дошта бошанд. Метавонем ба волидайн тавсияҳои зеринро пешкаш намоем:
1. Пайгирии рӯзаи фарзандон ва тарғибу ташвиқи касоне аз онон, ки дар ҳаққи он кӯтоҳӣ кардаанд.
2. Ҳақиқати рӯзаро ба онҳо ёдрас кардан, ки он танҳо тарки хӯроку нӯшокӣ нест, балки он роҳест барои ба даст овардани парҳезгорӣ ва фурсатест барои бахшида шудани гуноҳон ва пок шудани хатоҳо.
Аз Абуҳурайра ривоят шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) болои минбар баромада гуфт: Омин. Омин. Омин. Саҳобагон пурсиданд: Эй расулуллоҳ! Чунин намекардӣ? Фармуд: Ҷабраил ба ман гуфт: Аллоҳ бандаеро нотавону бебаҳра гардонад, ё (аз раҳмати Аллоҳ) дур шавад, касе ки моҳи Рамазон дарояду гуноҳонаш бахшида нашаванд. Пас гуфтам: Омин. Сипас гуфт: Нотавону бебаҳра бод ё (аз раҳмати Аллоҳ) дур шавад, касе ки падару модараш ё яке аз онҳоро дарёбад, вале вориди ҷаннат нашавад. Пас гуфтам: Омин. Сипас гуфт: Нотавону бебаҳра бод ё (аз раҳмати Аллоҳ) дур шавад, касе ки дар назди ӯ ёд шавӣ ва бар ту дуруд нафиристад. Пас гуфтам: Омин. Ривояти Ибни Хузайма (1888) ва ин лафзи ӯ аст. Ривояти Тирмизӣ (3545), Аҳмад (7444), Ибни Ҳиббон (908). Ба "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (3510) нигаред.
3. Омӯзондани одоб ва аҳкоми хӯрок, аз ҷумла бо дасти рост ва аз пеши худ хӯрдан, ба онҳо ҳаром будани исроф ва зарари онро баён кардан.
4. Манъ намудани онҳо аз вақти зиёд сарф кардан барои хӯрдани ифтор, то ин ки (бо сабаби ифтор) дар ҷамоат хондани намози шомро аз даст надиҳанд.
5. Ёдрас намудани ҳоли камбағалону бенавоёне, ки луқмаеро барои хомӯш кардани оташи гуруснагии хеш ёфта наметавонанд. Инчунин ёдрас кардани ҳоли муҳоҷирону муҷоҳидони роҳи Аллоҳ, дар ҳама гӯшаву канор.
6. Ин ҷамъомадҳо барои ҷамъ кардани хешовандон ва мустаҳкам намудани робитаҳои хешутаборӣ фурсати муносиб аст. Ин одат дар баъзе кишварҳо ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад ва он барои ислоҳ кардани робитаҳои шикаста байни хешовандон фурсати хубе аст.
7. Кӯмак кардан ба модар барои омода ва тайёр кардани дастурхон ва инчунин кӯмак намудан ба модар дар ҷамъ кардани дастурхон ва нигоҳ доштани хӯроки вайрон нашуда барои бори дигар истифода бурдан.
8. Ба онҳо намози шаб (таровеҳ) ва омодагӣ ба он ва кам тановул кардани хӯрок ва тайёрии пешакӣ барои адо кардани он дар масҷидро ёдрас намудан.
9. Дар мавриди саҳарихӯрӣ бошад, бояд волидайн ба фарзандон фаҳмонанд, ки саҳарихӯрӣ барака дорад ва он ба инсон қуват мебахшад ва рӯзаро осон менамояд.
10. Қабл аз намози бомдод вақти кофӣ додан, то намози витрро адо намояд, касе ки онро нахондааст ва намози шаб бихонанд, касе ки нақша кардааст, ки онро дар охири шаб анҷом диҳад ва ҳар касе аз Парвардигори худ ҳар чи бихоҳад, бипурсад.
11. Аҳмият додан ба намози бомдод ва дар вақташ бо ҷамоат дар масҷид хондани он, ин барои касоне ки мукаллафанд. Бисёр мардумонеро дидаем, ки барои саҳарихӯрӣ аз хоб бар мехезанду, сипас хоб мекунанд ва намози бомдодро тарк менамоянд.
12. Яке аз суннатҳои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар даҳаи охири Рамазон ин буд, ки "шабзиндадорӣ мекард ва хонаводаашро бедор менамуд". Ин далолат мекунад, ки бояд хонавода ин вақтҳои муборакро ғанимат гирифта, онро бо амалҳое гузаронанд, ки хушнудии Аллоҳ таъоло дар он аст. Шавҳар бояд ҳамсар ва фарзандони худро бедор намояд, то онон шабзиндадорӣ намуда ба Парвардигори худ наздик шаванд.
13. Шояд дар оила фарзандони хурдсол вуҷуд доранд. Онҳо ба тарғибу ташвиқ ниёз доранд. Бояд падар онҳоро ба саҳарихӯрӣ ташвиқ намояд ва онҳоро ба рӯзадорӣ бо суханони хуб ва ҷоизаву мукофотҳо барои касе ки ин моҳро пурра ё нисфи онро рӯза гирифтааст, тарғибу ташвиқ намояд. Ва ҳоказо.
Аз Рубаййиъ бинти Муаввиз ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шахсонеро дар рӯзи Ошуро ба деҳаҳои Ансориён мефиристод, ки мегуфтанд: Ҳар касе, ки имрӯз рӯза надошта бошад, боқимондаи рӯзро рӯза гирад ва ҳар касе, ки рӯза дошта бошад, рӯзаашро идома бидиҳад. Рубаййиъ бинти Муаввиз гуфт: Пас мо дар он рӯз рӯза медоштем ва кӯдакони хурдсоламонро низ рӯза медоронидем (ва онҳоро ба масҷид мебурдем) ва барои онҳо аз пашм бозичае месохтем. Агар яке аз онҳо барои хӯрок гиря кунад, бозичаро ба ӯ дода, то ҳангоми ифтор ӯро машғул месохтем. Ривояти Бухорӣ (1859) ва Муслим (1136) ва сухане, ки дар мобайни ду қавс зикр шудааст, аз ривояти Муслим мебошад.
Нававӣ гуфтааст:
Дар ин ҳадис, машқ додани кӯдакон бар тоатҳо ва одат кунонидани онҳо ба ибодатҳо, гарчанде ки мукаллаф ҳам набошанд, баён шудааст. Қозӣ Иёз мегӯяд: Аз Урва ривоят шудааст, ки ҳар гоҳ кӯдакон тавоноӣ бар рӯза паёдо кунанд, рӯза бар онҳо воҷиб мегардад. Вале ин сухан хато аст ва ҳадиси саҳеҳи зерин онро рад менамояд: "Қалам аз се нафар бардошта шудааст: Аз кӯдаки хурдсол, то ин ки ба балоғат расад". Аллоҳ донотар аст. Поёни сухан аз китоби "Шарҳи Муслим" (8/14).
14. Агар барои падару модар бо ҳамроҳи хонавода ба умра рафтан дар Рамазон муяссар гардад, хайри бузургеро барои худ ва хонаводаашон пешкаш кардаанд, зеро умра дар Рамазон савоби ҳаҷро дорад. Беҳтар аст, ки дар аввали Рамазон раванд, то аз издиҳоми мардум дурӣ варзанд.
15. Шавҳар набояд ҳамсари худро ба корҳое, ки тавонии онро надорад, ба монанди омода кардани хӯроку шириниҳо вазифадор намояд. Бисёре аз мардум ин моҳро бо омода кардани хӯрокҳову нӯшокиҳои гуногун ва исрофкорӣ мегузаронанд. Чунин рафтор ҳаловати ин моҳро мебарад ва рӯзадоронро аз ҳикмати он, яъне тақвову парҳезгорӣ маҳрум месозад.
16. Моҳи Рамазон моҳи Қуръон аст. Бинобар ин мо насиҳат мекунем, ки дар ҳар хонадон маҷлису дарсҳои Қуръонӣ ташкил карда шавад. Падар бояд хондани Қуръонро ба аҳли хонаводаи худ таълим бидиҳад ва маъноҳои оятҳоро шарҳ бидиҳад. Ҳамчунин дар ин маҷлис китобҳои одоб ва аҳкоми рӯзаро бихонанд. Бо фазли Аллоҳ бисёре аз донишмандон ва толибилмон китобҳоеро оиди маҷлисҳои Рамазон (дарсҳои Рамазонӣ) таълиф намудаанд, ки аз сӣ дарс иборат буда, бояд ҳар рӯз, як мавзӯе хонда шавад, аз он хайри зиёд ба ҳамагон ҳосил мешавад.
17. Онҳоро ба зиёрати ҳамсоягону мӯҳтоҷон ва нафақа кардан бар онҳо, тарғибу ташвиқ намояд.
Аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) саховатмандтарини мардум буд ва беш аз ҳама дар Рамазон ҳангоме, ки Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо ӯ дидор мекард, саховатмандтар мегардид. Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳар шаби Рамазон бо ӯ дидор мекард ва бо ӯ Қуръонро мудораса мекард. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) (дар моҳи Рамазон) аз боди вазанда низ саховатмандтар буд". Ривояти Бухорӣ (6) ва Муслим (2308).
18. Волидайн бояд хонавода ва фарзандони худро аз шабнишиниҳое, ки дар он вақтҳо беҳуда зоеъ мешавад, манъ кунанд. Махсусан аз шабнишинӣ ба хотири корҳои ҳаром, зеро инсонҳои шайтонсифат дар ин моҳ фаолтар шуда, намудҳои зиёди гуноҳу фисқро ба рӯзадорон дар шабҳову рӯзҳои Рамазон пешкаш менамоянд.
19. Ба ёд овардани ҷамъшавии хонавода дар охират, дар биҳишти Аллоҳ таъоло, зеро хушбахтии бузургтарин, ин дидору мулоқот онҷо, дар зери арши Аллоҳ таъоло аст. Чунин нишастҳои муборак дар дунё ва ҷамъшавӣ дар тоати Аллоҳ таъоло, дар талаби илм, рӯзаву намоз танҳо василаи расидан ба ин хушбахтӣ мебошанд.
Аллоҳ худ тавфиқдиҳанда ва ҳидоятгар ба роҳи рост аст.