Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Кор кардан дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар моҳи Рамазон

26-03-2023

Савол 37802

Оё ҷоиз аст, ки дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар моҳи Рамазон кор кунем?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Кор кардан дар ҳама рӯзҳои ҳафта дар Рамазон ва дар ғайри Рамазон ҷоиз аст. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе барои мусулмонон рӯзҳое нестанд, ки кор кардан дар он рӯзҳо мамнӯъ бошад.

Таваҷҷӯҳи мусулмон набояд касбу кор аз ҳисоби намозу рӯзааш бошад. (Яъне набояд касбу корро аз намозу рӯза боло бидонад). Аз ин рӯ, агар мусулмон кори дунявии худро сабук карда тавонад, бидуни ин ки ба ӯ ва ё каси дигаре зараре бирасад, ин аз ҳикмат аст ва кори хуб мебошад ва ин чиз ба ӯ имкон медиҳад, ки дар ин моҳ худро ба тоату ибодат, аз қабили рӯза, намози шаб ва қироати Қуръон бубахшад

     Аллоҳ донотар аст.

Амалҳое, ки барои рӯзадор раво аст
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб