Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Баъзе гунаҳкорон, вақте ки мо онҳоро барои гуноҳашон маҳкум бикунем, мегӯянд: "Ман дар корҳои худ озод ҳастам". Оё ин сухан дуруст аст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
"Ин нодуруст аст. Мо мегӯем: Шумо дар нофармонии Аллоҳ озод нестед. Балки агар Парвардигори худро нофармонӣ кунед, аз ғуломии Аллоҳ хориҷ шуда, ғуломи шайтон ва ҳавову ҳавас мегардед".