Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ба иҷора гирифтани хонае, ки соҳибаш онро бо қарзи рибавӣ харидааст

20-08-2022

Савол 99833

Ман як ҷавоне ҳастам, ки дар яке аз ширкатҳо кор мекунам. Ман манзилеро ба иҷора гирифтам ва фаҳмидам, ки соҳиби хона барои харидани он қарзи рибавӣ гирифтааст. Нархи кироя (иҷора) аз маблағе, ки ӯ ба бонк пардохт мекунад, зиёдтар аст. Бинобар ин, ӯ аз пуле, ки ман ба ӯ медиҳам, ба бонк пардохт мекунад ва боқимондаашро фоида мекунад. Бо эҳтимоли зиёд, ӯ хонаро харидааст, то бо ин роҳ тиҷорат кунад. Саволи ман ин аст: Оё кирояе, ки ман ба ӯ медиҳам, кӯмак дар гуноҳ ҳисобида мешавад ва ё ин амал ҳалол аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Қарзи рибавӣ гирифтан катъиян ҳаром аст, зеро дар мавриди рибо таҳдиди шадиде омадааст, ки рибохӯр, рибодиҳанда ва нависандаи он дар гуноҳ яксонанд. Ҳамонтавре ки Муслим (1598) аз Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рибохӯр, рибодиҳанда, нависанда ва шоҳидони онро лаънат кардааст. Ва фармуд: «Онҳо (дар гуноҳ) яксонанд».

Ҳар кас қарзи рибавӣ гирифта, хона ё коло (чизу чора) бихарад, метавонад аз он бо воситаи истиқомат кардан, фурӯхтан ва ё ба тариқи дигар баҳра бигирад, вале бояд ба сӯи Аллоҳ таъоло тавба намояд.

Бинобар ин, ҳеҷ боке надорад, ки аз ӯ иҷора бигиред, гарчанде ки ӯ ба хотири тиҷорат дар хонаи истиқоматӣ (квартира) ва ё ба даст овардани фоида аз тариқи он қарз гирифта бошад. Гуноҳ бар ӯст, зеро ӯ бо рибо муомила кардааст.

     Аллоҳ донотар аст.

Рибо Иҷора
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб