Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми дуои бад дар ҳаққи фарзандон

Савол

Оё дуои бади падар бар фарзандаш пазируфта мешавад, агар падар дар хато бошаду, фарзанд дар ҳақ?

Матни ҷавоб

Дуои бади падару модар модоме, ки фарзанд дар ҳақ бошаду, падар дар хато пазируфта намешавад. Аллоҳ дуои ӯро қабул намекунад, зеро нофармонии фарзанд нисбати волидайн ҳангомест, ки вазифаашонро адо накунад ва ё дар ҳаққи онон кӯтоҳӣ намояд. Аммо агар падар фарзандашро ба чизе амр намояд ва ё ӯро аз чизе манъ кунад, ки дар он маслаҳате набошад, дар ин ҳолат, барои фарзанд қабул намудани он зарур нест. Масалан агар падар ба писари худ бесабаб бигӯяд, ки ҳамсаратро талоқ бидеҳ, дар ин ҳолат барои писар итоат намудани падар ё модараш зарур нест. Дар ин ҳангом, қабул накардани дархости онҳо уқуқ ҳисобида намешавад. Агар дар ҳаққи ӯ дуои бад кунанд, дар ин ҳолат, ӯ гунаҳкор намешавад ва ҳеҷ ишколе надорад, иншааллоҳ (агар Аллоҳ бихоҳад).

Аллоҳ донотар аст. 

"Фатово"-и Шайх Абдуллоҳ ибни Ҳумайд (раҳ) саҳ: 30.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб