Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳифз намудани Қуръону ҳадис

10202

Таърихи нашр : 23-09-2021

Мушоҳидаҳо : 2351

Савол

Ман баъзе аз сураҳои Қуръонро ҳифз карда истодаам ва орзуи ман ин аст, ки ҳифзи онро ба итмом бирасонам. Сипас бо тавфиқи Аллоҳ таъоло ба ҳифз намудани ҳадисҳои расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ки дар "Саҳиҳайн" (Саҳиҳ-и Бухорӣ ва Саҳиҳ-и Муслим) ҷамъоварӣ шудаанд, рӯ меоварам. Оё ин равиш беҳтар аст, ё ман бояд ҳар дуро дар як вақт анҷом бидиҳам, яъне ҳар дафъа каме аз Қуръон ва каме аз ҳадис ҳифз намоям?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳардуи ин равишҳо дурустанд, аз ин рӯ, аз миёни он равишҳо равишеро интихоб кунед, ки барои шумо осон бошад ва ба эҳтиёҷоти шумо ва атрофиёнатон мувофақат кунад.

Аз Аллоҳ таъоло барои мову шумо тавфиқу комёбӣ ва росткориро хоҳонем.

Сарчашма: Фатово-л-лаҷнату-д-доима: 12/110.