Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Рӯзи Ошуроро имсол чӣ гуна муайян мекунем?

Савол

Ошуроро имсол чӣ гуна рӯза мегирем? Мо то ҳол намедонем, ки моҳ (яъне моҳи Муҳаррам) кай даромадааст. Оё моҳи Зу-л-ҳиҷҷа бисту нӯҳ рӯза ​​аст ё сӣ рӯза? Чӣ гуна рӯзи Ошӯроро муайян карда, дар он рӯз рӯза мегирем?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар мо надонем, ки моҳи Зу-л-ҳиҷҷа пурра (30 рӯза) буд ё нопурра (29 рӯза) ва касе ба мо хабар надиҳад, ки ҳилоли Муҳаррам кай дида шудааст (яъне моҳи Муҳаррам кай оғоз шудааст), пас мо ба асл бармегардем, яъне он моҳ сӣ рӯзи пурра ба ҳисоб гирифта мешавад. Моҳи Зу-л-ҳиҷҷаро сӣ рӯза меҳисобем ва баъд аз он, Ошуроро аз рӯи он ҳисоб мекунем.

Агар мусулмон бихоҳад, ки барои рӯза гирифтани рӯзи Ошуро аз эҳтиёт кор бигирад, то яқинан (сад дар сад) боварӣ дошта бошад, ки дар он рӯз рӯза гирифтааст (ва хато накардааст), пас бояд ду рӯз пай дар пай рӯза бигирад. Рӯзҳои моҳро ҳисоб мекунад, ки агар Зу-л-ҳиҷҷа бисту нӯҳ рӯза бошад, Ошуро ба кадом рӯз рост меояд ва агар Зу-л-ҳиҷҷа сӣ рӯза бошад, Ошуро ба кадом рӯз рост меояд. Дар он ду рӯз (яъне дар он ду рӯзе, ки ҳисоб кард) рӯза мегирад. Ӯ дар ин ҳолат, яқинан (ва сад дар сад) рӯзи Ошуроро дарёфт намудааст. Дар ин сурат, ё нӯҳуму даҳуми Муҳаррам ва ё даҳуму ёздаҳуми Муҳаррамро рӯза гирифтааст, ки ҳарду (яъне рӯзаи рӯзи нӯҳуму даҳуми Муҳаррам ва ё даҳуму ёздаҳуми Муҳаррам) хубанд. Агар мусулмон бихоҳад, ки барои рӯза гирифтани рӯзи Тосуъо (рӯзи нӯҳуми Муҳаррам) низ аз эҳтиёт кор бигирад, ба ӯ мегӯем: Дар он ду рӯзе, ки оиди он қаблан суханронӣ кардем ва як рӯз пеш аз он ду рӯз рӯза бигир. Дар ин сурат, нӯҳум, даҳум ва ёздаҳуми Муҳаррам ва ё ҳаштум, нӯҳум ва даҳуми Муҳаррамро рӯза гирифтааст, ки дар ҳарду ҳолат, нӯҳум ва даҳуми Муҳаррамро қатъан дарёфт менамояд. Агар касе гӯяд, ки ман ба сабаби шароити кор ва ҳолатам аз як рӯз зиёд рӯза дошта наметавонам. Пас дар ин ҳолат, рӯза гирифтани кадом рӯз бароям беҳтар аст? Ба ӯ мегӯем: Моҳи Зу-л-ҳиҷҷаро сӣ рӯзи комил ҳисоб кун, сипас даҳуми моҳи Муҳаррамро ҳисоб намуда, дар он рӯз рӯза бигир.

Ин мазмуни он суханонест, ки аз шайхамон, Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ҳангоме ки аз ӯ дар ин бора пурсидам.

Агар аз ягон мусулмони муътамад ба мо хабаре бирасад, ки ӯ ҳилоли Муҳаррамро дида, оғози ин моҳро муайян кардааст, мувофиқи хабари ӯ амал мекунем. Рӯза гирифтан дар моҳи Муҳаррам суннат аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Беҳтарин рӯза баъд аз моҳи Рамазон, рӯзаи моҳи Аллоҳ, Муҳаррам мебошад».   Ривояти Муслим: 1163.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид