Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Суютӣ кист?

10383

Таърихи нашр : 30-07-2022

Мушоҳидаҳо : 1526

Савол

Суютӣ кист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Суютӣ: Ҳофиз Абдурраҳмон ибни Камол, Абубакр ибни Муҳаммад ибни Собиқу-д-дин ибни Фахр ибни Усмони Суютӣ аст. Лақаби ӯ Ҷалолуддин ва кунияаш Абу-л-фазл аст. Соли 849-и ҳиҷрӣ ба дунё омада, ятим ба воя расидааст.

Ӯ қабл аз ҳаштсолагӣ Қуръонро ҳифз карда ва аз хурдӣ ба талаби илм машғул шуд. Ӯ барои ба даст овардани дониш сафарҳои зиёде анҷом дода, ба кишварҳои Шом, Ҳиҷоз, Ҳиндустон ва Мағриб сафар кардааст. Ӯ дар бахшҳои гуногуни илм, дар тафсир, ҳадис, фиқҳ, тарҷумаи ҳол ва таърих китобҳои зиёде навиштааст. Ӯ ба гирдоварӣ ва таълиф машғул шудааст ва азбаски зиёд гирдоварӣ кардааст, дар китобҳояш ривоятҳои саҳеҳ, заиф, мавзуъ (бофта) ва ҳаққу ботил вуҷуд доранд.

Гуфта мешавад, ки ӯ қариб 600 китоб навиштааст. Ӯ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) соли 911-и ҳиҷрӣ даргузашт.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб