Панҷшанбе 20 Ҷумода-л-уло 1446 - 21 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Қатъ кардани дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ аз бемор

105445

Таърихи нашр : 23-11-2022

Мушоҳидаҳо : 1864

Савол

Ҳуҷайраҳои нафаскашии мағзи сари беморе аз кор мондаанд. Ягон табобате барои ин ҳолат нест ва ӯ аз тариқи дастгоҳе нафас мекашад. Оё қатъ кардани дастгоҳ ҷоиз аст? Бояд қайд кард, ки агар дастгоҳ аз ӯ қатъ карда шавад, нафаскашӣ қатъ мегардаду бемор мемирад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Агар ҳолат он гуна бошад, ки (дар савол) баён шуд, пас монеъе нест, ки дастгоҳи нафасдиҳӣ аз ӯ қатъ карда шавад, ба шарте ки ду табиб ё бештар ба хулоса оянд, ки ӯ дар ҳукми мурда аст, вале баъд аз қатъ намудани дастгоҳ бояд як чанд муддати муносибе интизор шуд, то марги ӯ исбот гардад". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз .. Шайх Абдурраззоқ Афифӣ .. Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто" (25/82).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб