Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ ба балоғат расидааст, вале қувваи рӯза гирифтан надорад

Савол

Ҷавондухтаре дар синни ёздаҳсолагӣ ҳайз дидааст. Оё бар ӯ рӯза гирифтан зарур аст? Бояд қайд кард, ки вазъи саломатии ӯ чандон хуб нест ва агар ӯ рӯза гирифта натавонад, чӣ чиз бар ӯ лозим аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Агар воқеият ҳамон тавре ки шумо зикр кардед, бошад, пас ӯ бояд рӯза бигирад, зеро ҳайз яке аз нишонаҳои балоғат барои занон аст, модоме ки он (ҳайз) дар синни нӯҳсолагӣ ва болотар аз нӯҳсолагӣ биёяд. Агар ба рӯзадорӣ тавоноӣ дошта бошад, бар ӯ воҷиб мебошад, ки онро дар вақташ адо намояд. Агар рӯза дошта натавонад ва ё дар анҷоми ин кор ба мушкилии сахте дучор шавад, пас дар ин ҳолат рӯза намегирад, вале қазои рӯзҳое, ки дар ҳангоми тавоноӣ онро рӯза нагирифтааст, бар ӯ воҷиб мебошад". Поёни сухан.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (10/145).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб