Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Дар ҳоли рӯза дучори хунравӣ шуд

Савол

Агар аз бинии рӯзадор дар моҳи Рамазон дар муддати 28 рӯз хун резад, чӣ ҳукм дорад? Ба маълумоти шумо расониданиам, ки ман 59-сола ҳастам ва дар тӯли ҳаётам ягон маротиба аз биниам хун нарафтааст. Аммо дар моҳи Рамазони соли гузашта аз субҳ то вақти ифтор, аз се то шаш бор аз биниам хун мерафт. Хун ба ҳалқам ҷорӣ мешуд ва баъд ман онро дар шакли ҷомиду шахшуда хориҷ мекардам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Агар масъала ҳамон тавре бошад, ки шумо (дар савол) зикр кардед, рӯзаатон дуруст аст, зеро хуни биниатон беихтиёри шумо баромадааст. Аз ин рӯ, наметавон бар ботил шудани рӯзаи шумо ҳукм кард. Далелҳои осонии Шариат ба он далолат мекунад, аз ҷумла ояти зерин, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

لَا يُكَلِّفُ اللهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا

سورة البقرة: ٢٨٦

«Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ мукаллаф (ӯҳдадор) намесозад».   (Сураи Бақара: 286).

Ҳамчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:

مَا يُرِيدُ اللهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُم مِّنْ حَرَجٍ

سورة المائدة: ٦

«Аллоҳ намехоҳад душвориеро бар шумо қарор бидиҳад».   (Сураи Моида: 6).

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён ... Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (10/264, 265).

Ҳамчунин дар он омадааст:

"Агар аз шахс дар ҳоли рӯза беихтиёраш хун равад, рӯзааш дуруст мебошад". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (10/268).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб